Бахшҳо

САҲА аз Белорус хост, Шабнамро ба Тоҷикистон надиҳад

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо пахши як изҳорот аз мақомоти Белорусия хостааст, Шабнам Худойдодова, узви 29-солаи созмони “Гуруҳи 24”, ки дар ин кишвар боздошт шудааст, ба Тоҷикистон истирдод накунад.

Дар изҳорот, ки 2-юми июл пахш гардидааст, инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки шаҳрвандонашро барои баёни андеша таҳқиб накунад.

Шабнам Худойдодова, узви 29-солаи созмони “Гуруҳи 24” 12-уми июн зимни убури марзи Русия ва Белорусия боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Брест қарор дорад.

Аввалин шуда дар бораи ин қазия Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар блогаш хабар дода, афзуд, ки Худойдодова, 20-уми декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соҳиби як духтарча мебошад. Ба навиштаи Отаева, Шабнам дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад кардааст ва ҷониби Тоҷикистон ӯро аз рӯи моддаи 37-и Кодекси ҷиноӣ, --“ҷавобгарии шарикони ҷиноят” дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст: “Худойдодова 12-уми июн озими Белорусия шудааст, то аз намояндагии СММ оид ба гурезаҳо мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.

Тибқи иттилои раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, Худойдодова баъди он дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуд: “Шабнам Худойдодова солҳои охир дар Русия иқомат мекард. Моҳи январи соли равон хонаи ӯ дар Тоҷикистон мавриди кофтукоб ва модару дигар наздиконаш бозпурсӣ шудаанд. Ӯ хабар ёфта, ки нақшаи рабудани ӯ аз Русия тарҳрезӣ шудааст ва ба Белорусия рафт, то аз намояндагии СММ мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазия хостори ҷилавгирӣ аз истирдоди Худойдодова ба Тоҷикистон шудааст, зеро ба навиштаи ин созмон дар Ватан ба ӯ барои изҳори ошкорои андеша шиканҷа ва ҳабс то 20 сол таҳдид мекунад: “Ҳукумати Белорусия низ уҳдадориҳои байналмилияшро дар мавриди манъи истирдод ба кишваре, ки ба боздоштшуда шиканҷа таҳдид мекунад, иҷро намояд”.

Қаблан Худойдодова бо як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагии СММ дар Белорусия мақоми паноҳандагӣ дархост карда буд.
Мӯҳр
муосир
Аз хас кас метарошанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)