Тибқи гузориши вижаи СММ парвариши маводи нашъадор дар давлати исломии Афғонистон имсол 7 дар сад афзойиш ёфтааст.
Беназоратии манотиқи муайян ва боло рафтани нархи маводи мухаддир аз сабабҳои ин болоравӣ арзёбӣ шудаанд. Ба ин тартиб Афғонистон ба ҳайси бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон боқӣ мемонад. СММ мегӯяд, тавлиди ин мавод 9 дарсади даромади нохолиси миллии Афғонистонро ташкил дода, ба густариши фасод ва сармоягузории гурӯҳҳои шӯришӣ сабаб гаштааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр