Лоиҳаи ДИИШ: Баъди Сурия Эрон?

Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стртаегии назди Президенти Тоҷикистон, ки имрӯз, 3-юми июл ба унвони коршиноси мустақил дар Клуби коршиносони масоили Эрони муосир суҳбат мекард, гуфт, ки Эрон бо вуҷуди ин ки ниҳоди вижаи дар умури мубориза алайҳи терроризм надорад, вале ягона кишварест дар Ховари миёна, ки дар мубориза алайҳи ҳам терроризми дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ фаъол мебошад: “То ҳатто президенти Амрико Барак Обамо як мактуби махфӣ ба Ҷумҳурии исломии Ирон ирсол карда ва хостааст, ки ин кишвар дар мубориза алайҳи терроризм, аз ҷумла ДИИШ ба онҳо ёрӣ кунад”.
Худойбердӣ Холиқназар, ки дар мавзӯи “Ҷумҳурии исломии Эрон: масъалаи мубориза бо терроризм ва ҳалли ихтилофоти минтақавӣ” суханронӣ мекард гуфт, ки “ДИИШ як лоиҳаи кишварҳои ғарбӣ буда, дар заминаи “Ал-қоида” ва дигар гуруҳҳои террористӣ барои дастёбии онҳо ба захоири бузурги ин минтақа ва дигар аҳдофи геостратегии онҳо роҳандозӣ шудааст”.
Музаффар Олимов, директори маркази тадқиқотии “Шарқ” ҳамчунин дар ин нишаст гуфт, ки ДИИШ думболаи лоиҳаҳои муштаракаи кишварҳои абарқудрати ғарб бо шумули баъзе аз кишварҳои манфиатдори Ховари Миёна аст, ки марҳилаи аввали он дар Афғонистон, кунунияш дар Сурия ва Ироқ ва марҳилаи минбаъдаи он бояд дар Эрон роҳандозӣ шавад: “Бар асоси иттилооте, ки раду бадал мешавад дар Эрон мехоҳанд лоиҳаеро, ки дар Ироқ амалӣ карданд, онро роҳандозӣ намоянд ва агар дар оянда зарур шавад аз минтақа Покистонро маҳор кунанд аз Балуҷистон истифода мешавад”.
Худойбердӣ Холиқназар ҳамчунин гуфт, ки дар Эрон гуруҳҳо ва ҳаракатҳои террористие аз қабили “Ҷундуллоҳ”, “Ҷабҳаи миллии демократии арабҳо дар Аҳвоз” ва “Шаҳидони араб дар Аҳвоз” асосан дар устонҳои Хузистон, Сиистон ва Балуҷистон вуҷуд доранд, ки бо пуштибонии ISI-и Покистон ва ИМА фаъолият мебаранд.
Ҷаноби Холиқназар дар ҳоли ҳозир ДИИШ-ро хатарноктарин падида ба ҷаҳон ва пеш аз ҳама кишварҳои мусалмонӣ донист: “Ташаккули тафаккури такфирӣ дар ДИИШ хатарноктарин падида мебошад. Онҳо тамоми аҳли ташайуъро такфирӣ медонанд. Ҳоло такфириҳо дар Афғонистон ҳам пайдо шудаанд. Аз назари ДИИШ-иён такфириҳо хунашон ҳалол аст. Касоне, ки ҳам сафи ин кишварро тарк мекунанд муртад хонда мешаванд ва хунашон ҳалол аст. Аз назари ДИИШ-иён касоне, ки даъват ДИИШ-иҳо ба онҳо расидаасту онҳо ба сафашон напайвастаанд, онҳоро хавориҷӣ мехонанд”.
Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар Эрон аз ҷониби баъзе кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин дар ташкил ва роҳандозии гуруҳҳои террроистӣ саҳим дониста мешавад.
Ба назари Холиқназар агар ҷомеаи ҷаҳонӣ битавонад бо кӯмакҳои худ гуруҳҳои сунниро ба ҳукумат дар Ироқ ҷалб кунад, мо метавонем шоҳиди як тағйироти усулӣ дар Ховари Миёна шавем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |