Нороҳатии ҳизби Саидҷаъфар Исмонов аз муроҷиати ҲНИТ ба СММ
Шӯрои сиёсии Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии кишвар ба Созмони милали муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти ҳизб, ки зери имзои Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ташкилоти сиёсӣ ба дасти "Озодагон" расид, гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲДТ аз муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нороҳат шудааст: "Дар қисми аввали муроҷиатнома дар бораи “вазъи номуносиби бавуҷудомада… амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф…” ҳамчун далели аслии муроҷиатномаи номбурда баён шудааст”.
Масъулини ҲДТ аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки ин ҳизб чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ асту масъулини ҲНИТ бидуни гуфтугӯ ба онҳо ба СММ муроҷиат кардааст: “Роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилӣ кашидаанд. Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд”.
Дар изҳороти ҲДТ таъкид шудааст, ҳукумати Тоҷикистон 18 соли пеш Созишномаи истиқрори сулҳро на бо ҲНИТ, балки бо ИНОТ имзо кардааст, ки он аз гуруҳҳо ва ниҳодҳои сиёсии гуногун иборат буд: “Вале имрӯз ҲНИТ танҳо худро саҳмгузор ва меросхӯри истиқрори сулҳ медонад ва саҳму ширкати дигар гурӯҳҳои сиёсии шомили ИНОТ-и пешинро нодида мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ИНОТ моҳият ва вазифаҳои худро иҷро кард. Дар натиҷа ҳизбҳои сиёси дар интихоботҳо ҳар кадом вобаста ба мавқеъ ва сахмаш дар ҷомеа соҳиби райъи интихобкунандагон гардиданд, аз ҷумла ҲНИТ дар чор даъват соҳиби курсиҳо дар парлумон буд. Он замон аз фишору ба ном ноадолатиҳои Ҳукумат нисбаташон ин гунна эътироз надоштанд. Имрӯз ҲНИТ бояд ба интихоби мардум арҷ ва эҳтиром гузорад, зеро ин интихоби онҳо ва воқеият аст”.
Масъулини ҳизби таҳти раҳбарии Исмонов гуфтаанд, “агар натоиҷи охири интихоботи парлумонии 1 марти соли равон боиси шӯру валвала дар дохили ҳизб шуда бошад, пас аз мо бояд ибрат гирифт, чун дар се интихобот ноком аз курсии парлумонӣ гардидем, вале садои кароҳате бар наангехтем, зеро ин интихоби мардум буд”.
Демократҳои Тоҷикистон афзудаанд, агар ҲНИТ мушкиле бо ҳукумат дорад, ин мушкили як ҳизби сиёсӣ асту набояд аз он ҳамчун мушкили мардум ном гирифт: “Аз тарафи дигар маълум мешавад, ки ин ҳизб мушкилоте бо ҳукумати кишвар дорад. Шояд дар равобити ҳукумат ва ҲНИТ печидагиҳое ҳаст, ки мо аз вуҷуди онҳо ё хатари онҳо хабар надорем. Вале ин мушкили як ҳизб ҳаст, на мушкили мардуми кишвар. Аммо ҳукумат ҳам дар навбати худ бо назардошти таъмини бехатарӣ, оромӣ ва сулҳу суботи мардум бояд даст ба иқдомҳое бизанад. Қобили зикр аст, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ печидагиҳо ва мушкилоти зиёде дошт, вале онҳоро бе дахолат ва дастгирии қувваҳои ғаразноки сиёсии беруна паси сар кард ва имрӯз бо боварӣ ва дастгирии мардуми кишвар ба сифати як ниҳоди сиёсӣ дар парлумони мамлакат соҳиби мавқеъ гардид”.
Дар поёни изҳорои ҲДТ даъват шудааст, ин гуна мушкилиҳо аз роҳи гуфтугӯ ва муоколама бояд ҳал шавад. Онҳо инчунин таъкид кардаанд, ҳеч неруи сиёсие дар Тоҷикистон ҳақ надорад, барои ҳалли мушкилиҳои дохилии худ такя ба неруоҳи берунӣ кунад: “Ҳеҷ кас ва ҳеч як гуруҳи сиёсӣ ҳақ надорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои худаш такя ба неруҳои сиёсии беруна гузорад ва бо ин роҳ дубора нооромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Намунаи “кумаку дастгирӣ”-и хориҷиёнро мо дар мисолҳои чанд соли охир дар Украина ва кишварҳои арабӣ баръало мушоҳида намуда истодаем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон намунаи беназири бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафт аст, ки дар таҳкими он танҳо ниҳоди сиёсии солим ва соҳиби боварии аксарияти мардум метавонад саҳмгузор бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |