Ситоиши Абдуллоҳ аз афсаре, ки аз фирори се муттаҳам дар фасоди молӣ ба Тоҷикистон ҷилав гирифт
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон, аз сарҳанг Раҷаб Муҳаммад, сардори пулиси сарҳадии вулусволии Шуғнони Афғонистон ба хотири боздошти се тан аз муттаҳамони фасоди молӣ, ки мехостанд аз тариқи ин вулусволӣ ба Тоҷикистон фирор намоянд, қадрдонӣ кардааст.
Доктор Абдуллоҳ ин афсари афғонро дар дафтари кориаш -- “Қасри сапедор” ба ҳузур пазируфта аст. Дар сафҳаи расмии Фейсбуки раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон навишта шудааст, “раиси кишвар дар ҳоле, ки амалкарди ин афсарро месутуд, аз вай ба унвони намоде аз шуҷоат ва ватандӯстӣ ёд намуд, ки манофеи миллиро муҳимтар аз ҳамаи чиз дониста ва вазифаи динӣ ва миллии хешро ба ваҷҳи аҳсан дар мубориза бо фасод анҷом додааст”.
Қаблан расонаҳо навиштанд, ки Аҳмад Навоз Бахтиёрӣ, Муҳаммадамин Қонеъ ва Сайид Амонуллоҳ Содот се мақоми баландпояи Вазорати шаҳрсозии Афғонистон қасди фирор ба Тоҷикистонро доштаанд. Ин афрод дар фасоди молӣ муттаҳам мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |