Бахшҳо

Вазорат: Ҳар нафаре то охири намоз намеистад, ғайриҳанафӣ аст!

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар сокини кишвар, ки намоз ба поён нарасида, масҷидро тарк мекунад, ҳамчун пайрави равияҳои ғайриҳанафӣ дониста хоҳанд шуд.

Бароталӣ Ҳамитзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.

Ба гуфтаи Ҳамитзода, ҳоло дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қарорҳое алайҳи ришу ҳиҷоб гирифта нашудааст ва иқдомоте, ки роҳандозӣ мешаванд, ба хотири гиромӣ ва нигаҳдошти фарҳангу арзишҳои миллӣ мебошад.
Мӯҳр
собит
анна ин икдоми бехтарин ахсан ба кормандони ВКД ЧТ

aaaaaa
МВД ДАР ТОЧИКИСТОН ФАТВО МЕБРОРА АЧОИБ

aaaaaa
МАЗХАББОЗИШОНА САР КАДАН ХАЙ ИСМОИЛИЯХОРО АГАНЕ МАСЧИДШОНА МАХКАМ КНЕН УВОРАРАМ ХАНАФИ НЕСТАН

ОЗОДИ ЧОП НАМЕКНИ МЕТАРСИ ТУЯМ

ин кори хеле хуб аст ман хам тарафдор.

Намозхон
Касе, ки умуман намоз намехонад ва ё бо дастури рахбарони худ тарки ин фаризаи Илохи мекунад, пайрави кадом мазхабу дин аст? Чунки кариб хамаи кормандони ВКД на намоз мехонанд ва на руза мегиранд? Ачаб давре шудааст?

Инсондуст
хандаовар ВКД ра ба намозу масчид чи кор

k
Misli KPSS karded mazhabi hanafiro.

Тавба Худо Тавба
АЧИБ ЗАМОНАЕ . БОВАРИ ДОРАМ 99% -и ВАЗОРАТ НАМОЗ НАМЕХОНАНД. ПАС ЧАРО АЗ ХУД ШУРУЪ НАМЕКУНАНД ЧОРА АНДЕШИВУ МАХКАМ КАРДАНА ? ВА НАФАРЕ ХАМ КИ ХАДДИ АКА БА ХАМУН МАСЧИД БА ХОТИРИ АНЧОМИ ФАРЗАШ МЕРАВАД БОЗ ДЕЛА МЕКУШОЯНД . ПАНОХ БА ХУДО . О АМУ ЭМОМ ХАТИБА ГУШ КАРДАНШУ НАФОРА ЧИ МАЧБУРШУ МЕКНЕН . БАРЕН МОНЕН ЭШОНИ НУРДИНЧОНА АНА ТАМОШО КУНЕН КУ ЯК КАС МЕХЕЗА МЕРАВА ?

Рафтани чавонони то 18-сола ба масчидро хам мазхаби ханафия манъ кардааст? Магар мазхаби ханафия дари мадрасахоро мебандаду таълими мархилаи ибтидоии исломро манъ мекунад? Ана хамин манъкунандахоро ба чавобгари кашед.
Хамаро манъ карданд, акнун мардум аз кучо омузанд, ки чи тавр хондани намоз дуруст асту чи тавр нодуруст?

Хахаха баьд озодии эьтикоде ки конститутсияи кишвар кафолат медихад чи мешавад? Озодии эьтикодро давлат муайян намекунад балки кафолат медихад. Хар инсон хунук дорад алохада ва е якчоя бо дигарон муносибати худро нисбат ба дин муайян кунад. Давлат метавонад фаьолият ин е он равияро бо дарназардошти манфиатхои сиесии худ мань кунад. Чихели ки дар давлати мо харакати равияи салафия ва хизбуттахрирро мань намудааст. Аммо пайрави аз дигар равияву мазхабхоро мань намудан зидди конститутсия ва санадхои байналмиллалист. Инсон хак дорад пайрави мазхаби ташайюь ва е пайрави дигар мазохиб бошад , ба мисоли мазхаби шофеи ханбали ва е молики. Ин мазхабхоро дар мо гайриконуни эьтироф накардаанд ва хукуки гайриконуни эьтироф кардан надоранд.

кулябец
Ин карору конун мукобили сарконун мебошад ва кисми озодии инсон ва ба кадом дин пайрави кардани онро халалдор месозад!!!!!

ТОБА КАМ ХДО)))
АЧОИБ МАРДАКО ЧАМ ШИДАН )))

Офарин! Акнун фахмидем, ки ВКД ин Вазорати корхои дин будааст.

Салом ба ҳама. Аслан ин иқдом қобили қабул нест!!! Ман аз "салаф"и ва "шиъа" безор. Лекин худи ҳамин руз ман илоҷи хондани суннати баъди ҷумъаро надоштам, дер расидам ва вақте ки расидам хутба дошт тамом мешуд. Аз сабаби он ки мошинамро дар ҷойи бад гузошта будам ва бояд ҳарчи зудтар ба Султони Кабир мерафтам баъди фарз рафтам. Ҳоло инҳое ки даъвои ҳанафият доранд далели қотеъ биёранд ки ин амал хилофи шариъат ҳаст. Зимнан далелашон фақат аз Қуръону Суннат бошад на фикри шахсии кадом одам мисли пушидани тоқиву либоси остиндароз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)