АКС: 4 кенгуруи чехӣ ба Тоҷикистон омаданду ду хирси тоҷикӣ мераванд
Масъулини "Боғи ҳайвонот" мегӯянд, чор кенгуруи чехӣ, ки рӯзи гузашта хабари боздошташон дар фурудгоҳи Екатеринбург пахш шуд, бе мушкилӣ ба Душанбе расида, субҳи имрӯз 4-уми июл дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ ҷониби Тоҷикистон ба ҷумҳурии Чех ба ивази чор кенгуру ду хирси нохунсафед хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта 3-юми июл расонаҳои минтақаи Урали Русия аз қавли мақомоти гумруки Екатеринбург дар фурудгоҳи Колтсово аз боздошти 4 кенгуру хабар доданд, ки бояд аз Прага ба Душанбе интиқол дода мешуданд. Манбаъ гуфт, агар интиқолдиҳанда санади заруриро барои вуруди ин ҳайвонот ба минтақаи Иттиҳоди гумрукӣ пешниҳод кунанд, кенгуруҳо шаби 3 ба 4-уми июл ба Душанбе фиристода хоҳанд шуд.
Феълан ин кенгуруҳо дар Боғи ҳайвоноти Душанбеянд ва ба зудӣ аксашон дар ин сафҳа нашр хоҳад шуд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |