АКС: Хурду калони Нозимовҳо барои “адолат” ба Сурия рафтаанд

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки 8 узви хонаводаи Нозимовҳо аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба Сурия рафтаанд.
Ба иттилои ин ниҳод бародарони 37-у 39-сола, Шуҳрат ва Ғайрат Нозимовҳо бо зану фарзандонашон гӯиё барои ба ивази ҷон адолату амниятро таъмин мекунанд, ба ҷангҳои мусаллаҳона дар Сурия пайвастаанд.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки Нозимовҳои ноболиғ, аз ҷумла Асадбеки 14-солаю Шерози 17-сола низ фирефтаи ин ғояҳои бофта шудаанд ва аллакай Шероз Нозимов бо тахаллуси Муҳаммад дар Сурия ба ҳалокат расидааст.
“Дарёфти адолат” дар ҳоле ҳадафи Нозимовҳо аз пайвастан ба ҷанги Сурия арзёбӣ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ин робита гуфт: "Ба шиорҳои бардурӯғе, ки фақат дар ин набардҳо «дарёфт кардани адолат имкон дорад», фирефта мешаванд. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд. Дар робита ба ин, бори дигар ҷавононро ҳушдор доданиям, ки фарзандони азиз, бе заҳмат кашидан кас ба осонӣ соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад. Бинобар ин, фирефтаи гирифтори доми тазвири таблиғотчиёни манфиатҷӯй нагардед. Дар як мақоли халқиамон омадааст, ки “Ганҷ бе ранҷ муяссар намегардад”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон то ҳол мақомот аз 300 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурия иттилоъ доранд, ки зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |