Ҳалокати се нафар дар пайи ба дарёи Варзоб чаппа шудани “Опел-Астра”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ба дарёи Варзоб чаппа шудани сабукрави тамғаи “Опел-Астра” се нафар ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи мазкур рӯзи дуюми июл ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи ин мошин сокини 22-солаи ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар рӯ ба рӯи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро ба дарёи Варзоб чаппа кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофири он, зани шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои ВУД, ҷасади мусофири дигари автомашина, марди шахсияташ номаълум, тахминан 25-30-сола, аз ҳудуди деҳаи Варзоб ёфт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |