Бахшҳо

Бизнеси “дору”: Тоҷикистон ба сияҳгили ин тиҷорати маргбор жарфтар фурӯ меравад

Азиз САНГИН, махсус барои "Озодагон"

Дар саросари шаҳри Копенгаген - пойтахти Дания, ки аз лиҳози шумори аҳолӣ бо Душанбеи мо қиёспазир аст, ҷамъулҷамь 26 дорухона фаъолият мекунад. Фақат дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе шумори дорухонаҳое ки “дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз” нигоҳ медоранд, ду баробар бештар аз рақами болост!

Аз як дӯсти даниягиям, ки бо тавсияҳои исроромези банда ба Тоҷикистон сафар карда буд, баъди бозгашташ хостам беҳтарин ва бадтарин таассуроташро аз ин мусофират бо ман дар миён бигзорад. Беҳтарин ҳамонхое буданд, ки интизорашонро доштам: табиати биҳиштосо бо рангомезӣ ва ҷилваи мутановвеъ, ҳавои нарму гуворо, мардумони меҳмоннавоз ва соддаву пурмухаббат (ҳанӯзам? Бо вуҷуди..., шодмона фикр мекардам ман). Душанбеи ба гуфташ “нозаниншаҳре, ки бо як дидан ошиқаш шудааст" ва даҳҳо мушоҳидаву таассуроти хотирмони дигар.

Вале бардошти нохушоянди дӯстам бароям ғайриинтизор буд. Фикр мекардам, ҳатман аз беназмиҳои фурудгоҳ ёдовар мешавад ё аз Нақби торику ҳавлноки “Истиқлол” ва аз ин қабил навоқисе, ки перомунашон борҳо хондаему шунидаем...

Ёд доред ин мақоли қадимаи мардумамонро, ки мегӯянд, “ба ҳар шаҳр ё кишваре сафар кардӣ, нахуст нархи пиёзро пурс”. Яъне, гаронӣ ё арзонии арзиши пиёз мизони осудагӣ ва рифоҳи мардуми он кишварро бароят бозгӯ мекунад. Фаҳмишест аз назари имрӯзиён бисёр сатҳӣ ва омиёна, вале дар умқаш мантиқе, ҳикмате нуҳуфтааст, албатта. Аммо ин дӯсти мо ҳамчун намои сазовори гузаштагонаш -- виккингҳо, ки ҳанӯз дар оғозгоҳҳои таърихи башар аз роҳи дарёву уқенусҳо ҷаҳонро дарменавардиданд, дилбастаи сайру сайёҳат аст, нақл кард, ки дар ҳеч гӯшаи дунё ин миқдор дорухонаро надидааст, ки дар Душанбеи мо дида. Ӯ гуфт, "азбаски корманди риштаи беҳдоштам, ҳарҷо ки меравам, ба вазъи ин соҳа таваҷҷуҳ мекунам. Ва чи оинае метавонад рӯшантару гӯётар аз рӯй, чеҳра, симои инсонҳо вазъи ин соҳаро бозтоб намояд? Фикр намекунед, ки миёни зиёдии фавқулоддаи шумори давохонаҳо аз як тараф ва чеҳраҳои ғолибан заҳиру тираву пажмурда аз ҷониби дигар, чӣ таносуби дардноке метавонад нуҳуфта бошад?!”

Ин суолхитобаи дӯстам, ба ростӣ сахт таконам дод ва хотираҳою саҳнаҳои ҳузнангезеро аз сафарҳои пешинаам ба Ватан рӯгардону бодгардон кард. Ёдам омад, ки ҳар навбати сафар, воқеан, “бизнес”- доруро шукуфотар, баравнақтар ва фарогиртар аз қабл дармеёфтам, дар ҳоле ки бозори маводи аввалияи зиндагӣ, мисли руған, орд, гӯшт, шир, меваю сабзиҷот ва ғайра рӯ ба карахтӣ, гаронӣ ва касодӣ мерафт. Ёдам омад, шикваҳои дӯстону наздикон, ки мегуфтанд масрафи дорую табобат рӯиҳамрафта ҳиссаи бештару бештари дастмуздашонро “фурӯ” мебарад, бидуни онки дар ҳолашон, бемориашон беҳбуде ҳосил гардад, зиёда аз он дар аксар маворид баръакс шадидтар ба гирдоби ин “бизнес”-и фалокатбор кашида мешаванд. Борҳо таҷриба кардаанд: агар бо як нороҳатии содда, ки имкон дорад бо як курси камзарар ё давои табиӣ ё ҳатто як сухани таскинбахше рафъ шавад, ба муассисоти табобатӣ муроҷиа кунӣ, ҳатман як ёддошти тулонии иборат аз чандин номгӯи доруро ба дастат медиҳанд ва таъкид ҳам мекунанд, ки бояд аз фалон дорухона дастрас намоӣ.

Гумон мекунед, фоҷиаи Муслиҳиддин Сафаралиев, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки ҳамин дирӯз навишт, “табибон маро бенаслу хонавайрон карданд” (“Озодагон” 13 июни с. 2015) ё фиғони модаре, ки табибони “ҳозиқ” бидуни ҳеч ташхисе талхаи фарзанди 2-солаашро берун кашидаанду бо бераҳмонатарин шева аз беморхона рондаанд (“Фараж”, 25 июни с. 2015), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи азими эътирозотро ба дунбол доштанд, ягонаву тасодуфӣ будаанд?! Ё гумон мекунед, хулосаи охирин пажуҳишҳо дар мавриди то 30 дарсад коҳиш ёфтани тавонмандиҳои наслофаринии мардони тоҷик дар 10 соли охир, ки муддате қабл расонаӣ шуд, аз осмон гирифта шудаасту кирои гӯш ҷунбондан намекунад?!

Боз ҳам ёдам омад, ки дар суҳбатҳои сарироҳӣ ва гирдидастархонии мардум ҳам, аксар вақт, ҳамин мавзӯи “беморӣ”-ҳо, табибони нолоиқу судҷӯ, ҳамкориҳои “мутақобилан судманд”- и табибон бо доруфурӯшон, давоҳои қалбакӣ, ҳиссаи кӯмакҳои хайрияю башардӯстонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ дар равнақи ин “бизнес”-и асафбор ва ғайра мечархиду мечархид...

Ва бо қалбе хунчакон ба ёди охирин рӯзҳои зиндагии модарам афтидам. Аз бемории фишори хун ранҷ мекашиду бо вуҷуди давову табобати бисёр, бар асари фишори баланд самти чапаш ба карахтӣ гаравида буд. Тасаввур кунед, ки табиби “ҳозиқ”-е аз фарти нодонӣ ё ба хотири суде (дар ҳарду маврид ҳам ҷиноятест фачеъ), ҳамон пои сиҳату фаъолашро ҳам “шикаста аст” гуфта, гачбандӣ (гипс) карда буд. Мо фарзандонаш замоне аз ин иштибоҳ огоҳ шудем, ки дигар афсусу вовайло фоида надошт...

Ҳамин ҷо бояд иқрор кунем, ки мавзӯи мавриди назар аз он қабил масоиле нест, ки бо номбар кардани чанд мушоҳидаву шунидаҳо, ибрози андешаҳои перомунӣ ё савори зини эҳсосот, сабуку содда аз паҳлӯяш гузар кунӣ. Мавзӯест, ки ба тадқиқоти комилу фарогири журналистӣ ва шояд ҷиноӣ ниёз дорад, ки умедворам бо ин навишта таваҷҷуҳи амиқи васоити ахбор ва сохторҳои зиссалоҳи кишварро ба он ҷалб карда бошам.

Вале ба манзури он ки боз ҳам ба ҷиддият ва зарурияти мавзӯъ таъкид намоям, лозим медонам чанд нуктаи муҳимро ёдовар шавам. Дар ҳоле ки тамоми пажуҳишҳҳои дармонпизишкии муосир аз хусуси шиканандагӣ ва зиёнбарангезии маводи кимиёвии доруӣ бонги изтироб мезананд, дар ҳоле ки тамоми низоми тандурустии кишварҳои пешрафтаи дунё бисоти истифодаи ин гуна маводро таҳти назорати шадид қарор додаанд ва бар коҳиши он пофишорӣ мекунанд, Тоҷикистони мо ба сияҳгили ин тиҷорати маргбор жарфтар фурӯ меравад. Шояд мисоли зер кофӣ бошад, ки ин таносуби шигифтангезро бозгӯ кунад: дар саросари шаҳри Копенгаген - пойтахти Дания, ки аз лиҳози шумори аҳолӣ бо Душанбеи мо қиёспазир аст, ҷамъулҷамь 26 дорухона фаъолият мекунад. Фақат дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе шумори дорухонаҳое ки “дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз” нигоҳ медоранд, ду баробар бештар аз рақами болост! “Нушдорӯ мехоҳед? Кадом навъаш-- русӣ, чиноӣ, покистонӣ, ҳиндӣ қазоқӣ, узбакӣ?...” Дарҳое ки ба сӯи шафоъат не, ба сӯи беморӣ, ба сӯи заъфу нотавонӣ, ба сӯи бесӯӣ бозанд...

Афрод ва неруҳое, ки ба таъбири Мавлавии Балхӣ чархаи ин “чархи мардумхор”-ро мечархонанд, фаҷеътарин фалокатро ба сари мардуми худ фурӯ мерезанд, ки онро бемуҳобо фақат бо фоҷеаи ҷанги шаҳрвандии гузашта қиёс метавон кард: агар он пуштвонаи миллати моро шикаст, ки бо гузашти беш аз 20 сол ҳам наметавонем қад барафрозем, пас “бизнес”- и дору ва ҳамкориҳои танготанги он бо низоми тандурустӣ ҳама узвҳои дохилии ин пайкари ҷафокашида ва наслҳои баъдии онро мисли реши равон батадриҷ аз ҳам мерезад ва ба сӯи нотавонию нобудӣ мекашонад. Он вақт дигар ҳама шиорпартоиҳои мо аз қабили “Руҳи солим дар бадани солим”, “Ҷомеаи солимро инсонхои солим месозанд” ва ғайра наметавонанд ин дарди аз даво гузаштаро ба дармон бирасонанд.
Мӯҳр
Дарвеш
Бисёр масъалаи чидиро бардоштед, ташакури зиёд. Ки бояд сари ин масала фикр кунаду ки бояд беши ин катли омро гирад?

Ин мавзуъ бояд бонги хатаре бошад дар ҷомеаи мо. Умедворам ба гӯши масъулин ҳам мерасад.

точир
Саломатбоши бародар масъалаи доги руз ки хама чашм пушидаанд аз як тараф дору аз тарафи дигар мевахои гармони ягон лаборатория носанчида пешкаш мешавад боз мехохем насли солим дошта бошем..?

54
ВАКТИ ОН АСТ КИ ДАВЛАТ ХАРИДУ ФУРУШИ ДОРУРО БА ГАРДАН ГИРАД ВАГАРНА ДЕР МЕШАВАД.хАТТО ДУХТУРОН АЗ НАВИШТАНИ РЕСЕПТ МЕТАРСАНД ДАР ЯК КОГАЗЧА НАВИШТА ПЕШИ ФАЛОН АПТЕКА РАВ МЕГАН.

Дар хакикат мавзуъи мухим хисоб мешаваду, лекин дар ватани мо хамаи ба ном сохибкорони ватандусту карин, танхо барои сармояи бештар дар мухлати кутох ба даст овардан кор мекунанд. Дуюмин ин ки, ин намуди фаъолияти сохибкори бояд аз тарафи макомоти назорати бештар идора карда шавад, чунки онхо бо хаёти одамон фаъолият менамоянд, на ин бо харомхурии худ ба хамаи ин чашм пушанд. Мебахшед холо хамин кадар беморхона ва марказхои хизматрасонии тиббии давлати ва шахси зиёд шудааст, ки дар вакти ба ончохо мурочиат намудан фикр мекуни, ки 90% ахоли бемор ва ахолии чумхури хамаашон дар пойтахт зиндаги мекунанд.

Бемор
Ба хамаи ин фуруши маводхои дорувории паст сифат ва калбаки Хадамоти назорати фармасевти бояд чавоб дихад. Кормандони ин макомот барои нафси худашон шуда, ба хама нафарон ,ки маьлумоти фармасевти доранд е надоранд, барои фуруш ичозат медиханд. Хатто дар дорухона шахсоне ба савдои дору машгул хастанд,ки умуман фармасевт нестанд. Ва ман аз фурушанда пурсон шудам,ки ман хам метавонам ба бизнес дору сару кор бигирам ва У дар чавоб гуфт,ки "доля "ро бурда медихи ва чизе савдо мекуни ихтиерат.

оммафахм
Хай фахмидем, ки рузноманигори неки камтар калимахои оммафах истифода кунед, хама дар ЧТ рузноманигор нест ку, дехкон, ронанда, чупон, савдогар хаст ку

ОФФАРИН. ДАР ШАХРАМОН ОШХОНА, МЕХМОНХОНА ВА ДОРУХОНАХО АЗ ХАМА ЗИЁДАНД. ЯЪНЕ ХУРДАНУ ХУФТАНУ МУРДАН (БЕМОР ШУДАН). ИНАСТ ФАЛОКАТ. ТАБИБОН ХУРДАНУ ХОБ РАФТАНРО БА МАРГ БАРОБАР МЕДОНАНД.

Бемор,
хеч кас ба ин бизнесси ифлосу палид, хатто наздик шуда наметавонад. хама медонад, дар дасти кист.

Холдон
Мавзуъ ва шархи хол умуман маъмуланд. Факат ба наза р бояд гирифт, ки дар хорича, аз он чумла Дания, дору на факат дар дору хонатони (аптекахои) махсус, балки дар шуъбахои доруфурушии кариб дар хар як дуконхо (магозахо, мини- ва супериаркнтхо) вучуд дошта фуроухта мешавад.

илова ба дорухонахо доруфурушии ширкасхои Тйан ши ва амсоли он ...

Навиштаҳои муаллиф ҷойе таъаммуле зиёд дорад. Масоиле ки муаллиф дар матлабе хеш дар миён гузошта, ба сурати ҷиддӣ боястӣ тавассути дастандаркорони муҳтарами бахши саломат ва тандурустии Тоҷикистон пайгирӣ шавад, зеро аз камлутфӣ ва адами таваҷҷӯҳ дар ин росто, дар маҷмӯъ чизе қатъан мутараттибе ҳоли миллат ва кишвар нахоҳад шуд. Ва аммо дар мавриди корбурди бархе аз каламоту истилоҳоти матлаби мазбур мехоҳам таваҷҷӯҳе муаллифи муҳтарамро ба ин чанд нукоти зоҳиран кӯчак ва аммо аз нигоҳи забонӣ бисёр боаҳаммият ҷалб намоям:
1. Мутаннавеъ бояд гуфту навишт на мутанновеъ
2. Навишти калимаи содда ва оддӣ ташдид намехоҳад, яъне сода ва одӣ бояд навишт
3. Зарурият мутаассифона дар пайи корбурдҳои вофири ғалати муаллифини муҳтарам, имрӯз дигар ҷузви ғалатҳои машҳури тоҷикӣ шуда. Мо танҳо зарурат дорем, зарурият мандаровардии муаллифини ноогоҳ аз забони форсист. Хубтар мебуд, агар ба ҷойи он боаҳаммият, муҳиммият, истифода мешуд.
4. Чиноӣ низ ҷузви мандаровардиҳои муаллифини ноогоҳ аст, саҳеҳи он чинист
5. Муаллиф калимаи пуштувонаро ба ҷойи мафҳуми камар истифода кардааст, ки саҳеҳ нест. Маънии ин калима ба сурати истилоҳ дороиву бизоъат, пуштибонии молист на чизе дигар.

Точик
бовар кунед чунон фиребгар шуаанд, ки рахме ба бечора надоранд! Факат дорухои кимматро пешкаш мекунанд, дар холе, ки аналоги хамин дору се чор маротиба (баъхан то дах маротиба) арзон аст, вале аз бесаводии мардуми бечора истифода бурда доруи кимматро мефурушанд, дар холе, ки таркибу таъсири харду як аст. Хиебони Каробоев на кам аз сад дорухона дорад. Дар худи Саховат на кам аз панчох то дорухона аст.

Бародар
Ин як маводи тайёр аст мархамат кормандони Убоп ё ин ки Прокуратура дарди халкро яъне хешу таборони шуморо зикр кардаанд ташхис тафтиш осон аст факат хостан даркор ба коррупсия низ кор мерасад факат боз байнатон барои дела чанг нашавад

Дилсуз
Ако,дуруст навиштед.Х,атто ягон дору дар тамоми кишвар нархнома надорад!Точ,икстандарт чи кор мекунад?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)