Номаи Э. Раҳмон ба Лукашенко: Аз қаноатмандии амиқ то таъкиди махсус
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома Александр Лукашенко, раисҷумҳур ва мардуми Беларусро бо ҷашни миллии кишварашон табрик гуфтааст.
Дар номаи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст, “Муҳтарам Александр Григоревич,
Боиси хушнудист, ки ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ин кишвар табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ирсол медорам”.
Раисҷумҳур инчунин таъкид кардааст, ки Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми муҳим дошта, “мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуда, ба муносибаҳои Тоҷикистону Беларус хушбин буда, барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишвару мардумонамон тамоми корҳоро бо бовари комил анҷом медиҳад: “Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари беларус рафоҳат ва шукуфоиро таманно дорам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |