Тибқи нақшаи пешбинишудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод, сокинони ҷамоати Балхобиро зарур аст то ба 94-нусха газетаву маҷаллаҳо обуна шаванд.
Исроил Исмоилов, котиби раиси ҷамоат ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, усулан обуна танҳо ба нашрияҳои сиёсӣ ва расмии давлатӣ: «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овозӣ», «Хатлон», «Субҳи меҳнат», «Сафо», «Бонувон» ва ғайра пешбинӣ шудааст. -Обуна аслан ихтиёрист, аз ҳисоби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони идораи ҷамоат, соҳибкорону ҷувозкашон ва осиёбдорон. Инчунин, 5-масҷиди дар ҳудуди ҷамоат фаъолбуда низ ихтиёрӣ обуна мешаванд,- мегӯяд котиб. Қамаралӣ Файзов, муҳосиби ҳамин ҷамоат мегӯяд, ман ихтиёрӣ ба маҷаллаи «Молия» ва нашрияи «Андоз» ҳар сол обуна мешавам. Вале боз 190-сомонии дагарро аз ҳисоби маошам барои обуна ситондаанд, барои кадом газета аниқ намедонам. Ба гумонам, шояд «Ҷумҳурият» ва боз кадом ҳафтаномаи дигари марказӣ бошад.
Бино ба гуфтаи Исмоилов, ҳамасола газетаҳоро ба ҳукумати ноҳия мерасонанд ва аз он ҷо кадом вақте ки ягон намояндаи ҷамоат ба маркази ноҳия равад, онҳоро гирифта меорад. Ин дар ҳолест, ки масофаи байни ҷамоату маркази ноҳия беш аз 50 -километрро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, обунаи ихтиёрии маҷбурӣ ба газетаву маҷаллаҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр