Эмомалӣ Раҳмон профессори фахрии CERIS-и Брюссел шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS), мақарраш шаҳри Брюссел, муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо, унвони фахрии профессори ин марказро гирифтааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин унвон ба Эмомалӣ Раҳмон “дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дода шуд: “Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст”.
Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни аршади давлатӣ бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст: “Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи “Сиёсати байналмилалӣ” ва “Сиёсати рушд” пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону собиқадор, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |