Вокуниши Маркази оянданигарӣ ба муроҷиати ҲНИТ: Ин ҳизб аз аввал пойбанди хориҷиҳо буд...
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба СММ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷиконро бадномкунии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва амали ноҷавонмардонаю иғвоангезона хондааст.
Ин марказ мегуяд Тоҷикистон дар муқобили хатарҳои ниҳоят ҷиддии имрӯза, аз ҷумла дар Афғонистони бо кишвари мо ҳаммарз афзоиш ёфтани фаъолияти гуруҳҳои террористию экстремистӣ, ба сафи чунин гуруҳҳо пайвастани шумораи муайяни ҷавонони тоҷик, таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ, дар шароити муосир на ба иғвоангезию сузандагӣ, балки ба муттаҳидию созандагӣ ниёз дорад.
Дар изҳороти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки унвонии “Озодагон” расид, аз ҷумла зикр шудааст, дар замони истиқлолият ва хусусан баъд аз пойдор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон корҳои азими созандагию ободкорӣ (бунёди роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, неругоҳҳои барқӣ, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, ҳифзи саломатӣ ва ғайра) анҷом ёфтаанд, ки нодида гирифтани онҳо номумкин аст: “Дар баробари ин, қадамҳои устуворе дар роҳи демократикунонӣ, бунёди ҷомеъаи озоду солим ва тараққипарвар ниҳода шудаанд. Аз тарафи роҳбарияти Тоҷикистон тадбирҳои муҳим барои ҳалли мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти кишвар, аз байн бурдани фасод ва дигар омилҳои номатлуб андешида мешаванд”.
Дар пайи зикри корҳои анҷомдодаи ҳукумат Маркази оянданигарӣ афзудааст, ҲНИТ, ки худро як ҷониби сулҳи тоҷикон ва неруи сиёсии мухолиф меҳисобад, дар давоми 18 соли баъд аз барқарор гардидани оромию субот дар Тоҷикистон ягон коре барои пешрафти кишвар анҷом надодаасту ягон барномае барои ҳалли масъалаҳои муҳим пешниҳод накардааст: “Дар тамоми ин муддат роҳбарияти ҳизби мазкур бо истифода аз номи дин танҳо супоришҳои хоҷагони хориҷиашонро (ҷиҳати татбиқи манфиатҳои геостратегии онҳо) иҷро кардаанд ва манфиатҳои шахсию гуруҳии худро амалӣ сохтаанд. Таваҷҷуҳи онҳо на ба ободии кишвару мардум, балки ба сарватҷамъкунию ҷоҳталабӣ равона буд”.
Маркази оянданигарӣ мегӯяд, давоми чандин сол масъулони ҲНИТ бо роҳи фиребу найранг аз содагиву ноогоҳии баъзе шаҳрвандон истифода бурда, онҳоро ба ҳизби худ шомил месохтанд: “Вақтҳои охир ба таври оммавӣ аз ҲНИТ ихтиёран хориҷ гардидани бештари аъзоёни он исботи ин гуфтаҳост. Воқеъан мардуми кишвари мо имрӯзҳо дарк кардааст, ки роҳи ягонаи расидан ба ваҳдати комил, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафт нигоҳ доштани давлати озоди демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Аммо мавҷудияти ҲНИТ бо он фаъолияте, ки ҳам замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам баъди истиқрори сулҳ дар амал нишон додааст, барои расидан ба ҳадафҳои мазкури кишварамон мухолифат дорад”.
Инчунин Маркази оянданигарии Академияи улум таъкид намудааст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ пойбанди кишварҳои хориҷӣ мебошад: “Яъне ҲНИТ мисли дигар ҳизбҳои кишвар сирф тоҷикистонӣ набуда, аз аввали пайдоши худ як неруи аз берун идорашаванда аст. Ин ҳизб дар давоми мавҷудияташ ҳамеша аз ҷониби ниҳодҳо ва доираҳои муайяни сиёсию мазҳабии кишварҳои хориҷӣ дастгирии моддию маънавӣ ёфта, манфиатҳои онҳоро амалӣ мекард. Аз ин рӯ, ҳангоми пеш омадани ҳар мушкилие ҲНИТ ба шаҳрвандони Тоҷикистон такя накарда, балки ба созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ муроҷиат мекунад”.
Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки ҳоло ҲНИТ дар натиҷаи пешрафти кишвар ва огоҳтар шудани мардум таъсири худро дар ҷомеа пурра аз даст дода, тарс аз он дорад, ки комилан аз байн меравад ва дар ин маврид ҳам боз аз неруҳои хориҷӣ мадад хостааст: “Вале ҳамагон, аз ҷумла ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷие, ки ҲНИТ муроҷиат кардааст, аз вазъияти воқеии Тоҷикистон ва дурустии роҳи барои рушд интихобкардаи он огоҳанд. Таҷрибаи талхи дастгирии баъзе неруҳои динӣ, ки вазъияти минтақаро солҳои охир ниҳоят хароб кардааст, низ ба онҳо маълум мебошад. Аз ин хотир, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷие, ки дар раванди ба даст омадани сулҳи тоҷикон ширкат доштанд, бояд вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон ва минтақаро ба назар гирифта, иғвоангезона ва беасос будани муроҷиатномаи роҳбарияти ҲНИТ-ро дарк намоянд”.
Дар ниҳояти изҳороти Маркази оянданигарӣ зикр шудааст, ки мардуми Тоҷикистон то кадом андоза муҳим будани ҳифзи давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро медонанд: “Фаҳмидаанд, ки зиндагии хушу босаодат танҳо дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаю ободкорона, рушди илму техникаи муосир ва раҳо ёфтан аз таъсири ҳар гуна неруҳои динӣ – сиёсии бегонапараст (мисли ҲНИТ) ва ақидаҳои мазҳабии мутаасибонаю хурофотӣ ба даст меояд”.
Изҳороти мазкур як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |