Хабари марги 5 шаҳрванди Русия дар Хатлон дар 1 рӯз

Вазорати мудофиаи Русия сарозер шудани се низомии пойгоҳи 201-ро ба дарёи Вахш дар Тоҷикистон таъйид карда, афзудааст, ки то ҳол онҳоро пайдо накардаанд.
Тавре хабаргузории “Интерфакс” аз қавли манбааш иттилоъ додааст, кофтукоби се низомӣ, ки 29-уми июн зимни машқи низомӣ дар мавзеи Сунбулаи вилояти Хатлон ба дарёи Вахш сарозер шудаанд, идома дорад. Қаблан Вазорати мудофиаи Русия аз ҳалокати низомиён иттилоъ дода буд, аммо манбаи “Интерфакс” мегӯяд, умеди зинда пайдо кардани онҳо низ ҳанӯз мавҷуд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, мутахассисони ин ниҳод барои корҳои ҷустуҷӯии се низомии Русия ҷалб нашудаанд.
Хабари сарозер шудани се низомӣ ба дарёи Вахш дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сониҳаи нақлиётӣ рӯзи 29-уми июн дар қаламрави ноҳияи Данғара инчунин ду шаҳрванди ҷавони дигари Русия ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 24-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти И.Шариф аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш ба таги пули обгузар ба чуқурии 8-метр сарозер шудааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, ду шаҳрванди Федератсияи Русия - марди 27 ва 26-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ронанда, ки сокини шаҳри Кӯлоб аст, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |