Суоли навбатии “Озодагон” аз коршинос ва соҳибназарони тоҷик ин буд: Тоҷиронро аз бюрократия наҷот диҳем ё аз андози баланд?
Фаррух САЛИМОВ, соҳибкор
Барои чӣ бояд якеро интихоб намуд? Самаранокии фаъолияти соҳибкор аз хар ду вобаста аст. Агар интихоб байни ин ду бошад, фикр мекунам, аксарият ба бюрократия норозианд. Албатта, ба он маънои бюрократияе, ки ману Шумо мефаҳмем. Яъне, дахолати мақомотҳои марбут ба фаъолияти соҳибкор, тафтишҳои сершумор, хислати ҷазодиҳанда доштани ҳамаи мақомоти давлатӣ нисбати соҳибкор. Агар муносибати хуб бошаду хизматчиёни мардум ба мардум хизмат кунанд, соҳибкор омода аст, боз каме аз даромади худ ба буҷа равон кунад.
Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Системаи молиёте, ки дар Тоҷикистон аст, на ба нафъи иқтисодиёти давлат асту на ба фоидаи бахши соҳибкорӣ, чунки мо андозро аз ҳад зиёд талаб мекунем. Шумо муқоиса кунед, ки дар Қирғизистон 7 намуди молиёт аст тамом, дар Тоҷикистони мо пеш 22 намуд буд, ҳоло танҳо чандтоашро кам кардаанд. Қирғизистон дар пайи барҳам додани молиёти барзиёд, дар чанд соли ахир аз лиҳози иқтисодӣ пешрафт кард ва ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон молу маҳсулоти ин кишвар зиёд фурӯхта мешаванд. Дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир беш аз 41 дарсади корхонаҳои хурду миёнаи кишвар варшикаста шуданд ё тиҷораташонро аз кишвар ба дигар ҷо бурданд. Ин ҳамааш ба хотири ҳамон молиёти зиёд, бюрократия, яъне, масалан қоғазбозӣ ва омилҳои ришваситонӣ аст. Молиёти барзиёд ва омилҳои бюрократӣ боиси он мегардад, ки иқтисоди мо оянда боз ба бисёр мушкилиҳои бузург рӯ ба рӯ шавад. Дар бахши иқтисодиёт воқеан ҳам қонунҳои мо ба нафъи мардум нестанд ва ҳамаи онҳоро бояд бори дигар дида бароянд.
Абдулло РОЗИҚЗОДА, шореҳи масоили иқтисодӣ
Соҳибкорони мо ҳам аз мизони болои андоз ва ҳам аз қоғазбозиву бюрократия азият мекашанд. Бинобар ин, аз ду ҷониб ҳам бояд барои соҳибкорон сабукӣ дода шавад. Чунки ҳоло кишвар даромадҳояш аз ҳисоби муҳоҷирон кам шуадааст ва дар ин шароит соҳибкорон манбаи аслии даромади буҷа ҳастанд.
Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, иқтисодшинос
Албатта, аз бюрократия. Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ин ҳама тафтишҳо аз сӯи бюрократҳо мешавад ва аз ин рӯ, бояд соҳибкоронро аз онҳо наҷот дод. Вақте ин тафтишҳову ин мушкил кам шуд, андоз низ худ кам мешавад.
Иззат АМОН, раиси созмони “Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”
Ҳам аз андоз ҳам аз бюрократия. Ин ду омиле ҳастанд, ки воқеан фазои сармоядории кишвари моро тира гардонидаанд.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, соҳибкор
Аслан дигар ягон сабукӣ ё имтиёз ба дарди бизнес намехӯрад. Ин дуруст мисли ин аст, ки чанд гусфандеро дар водии гургон раҳо кунед ва эълон кунед, ки ин гусфандон фалон фалон имтиёз доранд ва хӯрдани онҳо манъ аст. Гургон ба имтиёзи гусфандон ва қонуни шумо туф кардаанд. Барои эмин мондан ва афзоиш ёфтани гусфандон бояд ҳамаи гургон паронда ё гусфандон ба ҷои дигар бурда шаванд.