Бахшҳо

Истиқболи раҳбари Эрон аз шеърхонии шоири тоҷик

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар дидор бо шоирони маъруфи Эрон ва ҷаҳон аз шеъри шоири тоҷик истиқбол кардааст.

Ин дидор идомаи мулоқоти Хоманаӣ бо шоирон аст, ки ҳамасола миёнаи моҳи мубораки Рамазон дар Эрон баргузор мешавад. Дар дидори имсол аз 10 кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Туркия ва Озарбойҷон наздики 200 шоир ҳузур доштанд. Шеъри Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО аз ҷониби раҳбари Инқилоби Исломии Эрон гарм истиқбол шуда, ба гуфтаи шоҳидон “дар миёни тараннуми он бо вожаҳои “хеле хуб”, “баҳ–баҳ”, “аҳсан” сурудаи ӯро таҳсин кардааст.

Шоҳмансури Шоҳмирзо муаллиф ва мураттибу мутарҷими беш аз 12 китоб дар Тоҷикистон ва Эрон буда, дар беш аз 40 ҳамоиш дар Эрон, Озарбойҷон, Истиқболи раҳбари Эрон аз шеърхонии шоири тоҷикҚирғизистон ва Покистон суханронӣ намуда, беш аз 500 мақола дар бораи шахсиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дар матбуот ва расонаҳои Эрон мунташир намудааст.

Соли 2011 Академияи Қафқоз ӯро ба хотири таълифи китоби “Сурмаи дил” (дар ҳамкорӣ бо падараш Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад) бо Ҷоизаи Михаил Лермонтов қадрдонӣ намуд. Шоҳмансур дар таҳрир, таҳия ва вироиши китобҳои “Фарҳанги имлоии хатти форсӣ ба сириллики тоҷикӣ” (Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, “Суруш”, 2009), китоби “Ҳабибе аз билоди ҷовидон” ( Душанбе, “Аршан”, 2011) ва маҷмӯаи “Ба хуршед монад ҳама кори ту” (Хуҷанд, 2014) саҳим будааст.

Шеъри Шоҳмансури Шоҳмирзо, ки дар дидори шоирон бо раҳбари Инқилоби Исломии Эрон қироат шуд, пешниҳоди хонанда мегардад:

Дил андӯҳпарвар набошад, набошад,
Ҳумо соягустар набошад, набошад.
Ба ширинии зикри Ҳақ дилхушам ман,
Сари суфра шаккар набошад, набошад.
Сипоҳам ба ҷанги дадон нури ишқ аст,
Сиёҳии лашкар набошад, набошад.
Хушо гум шудан дар миъоди нигоҳат,
Агар субҳи Маҳшар набошад, набошад.
Мабодо ҷудо гардад аз ман ғами ишқ,
Агар коми дилбар набошад, набошад.
Маро сарват ин нест ҷуз хоки кӯяш,
Гадо гар тавонгар набошад, набошад.
Ба лавҳи дили худ набиштем шеъре,
Ба девону дафтар набошад, набошад.
Илоҳӣ сарат сабз бодо, ҳамеша,
Ба тан гар маро сар набошад, набошад.
Мӯҳр
Шеърдуст
Ахсан, Шохиансур!

Фарҳангдӯст
Офарин бародар Шоҳмансур

саид
Фачалогия! шеър аз ин фачу бемазмун намешавад. Агар ин ба Хоманаи маъкул шуда бошад, у хам шеършинос набудааст

мунаққид
Тавба, ин кадом сабки шеърӣ бошад? Шеъри сабз ё кабуд?
Агар ҳамин мақбули раҳбари Эрон шуда бошад, Худованд оқибати Эронро ба хайр кунад. Локин маълум аст, ки ин мақола чизе беш аз худпиаркардан нест.

Фарҳангдӯст
Ба дӯстоне ки ин шеърро дур аз маъни медонанд, фикри ман ин аст ки қобилияти даркро надоранд, чи магар шеър аз ин бехтар мешавад? садхо маротиба аз шеърхои бозорда хубтар аст. офарин дӯстам чи шеъри зебое сароидед. мархабо

Ман
саид,
Дуруст фармудед. Ин шеър, ки нест

Одинамухаммад
Бах бах, бехтарин ако, сарбаланд бошед

Астиёк
Ба дӯстоне ки ин шеърро дур аз маъни медонанд, фикри ман ин аст ки қобилияти даркро надоранд, чи магар шеър аз ин бехтар мешавад? садхо маротиба аз шеърхои ... хубтар аст. офарин дӯстам чи шеъри зебое сароидед. мархабо

Ин колаби шеъриро Бедили Дехлави поягузори кардааст ва окои Шохмансури Шохмирзо хам дар хадди тавон аз у илхом гирифтааст! Ин чо газали Бедилро низ меоварам

Мухаббат ситамгар набошад, набошад
Вафо захматовар набошад, набошад.
Дили чамъ мухрест бар ганчи икбол
Агар киса пурзар набошад, набошад
Шукухе ки дорад чахони каноат,
Ба Хокону кайсар набошад набошад
Диле мегудозам ба сад сузу мастй,
Маям гар ба согар набошад набошад.
Дар афсурданам хуфта парваози Анко,
Чу рангам агар пар набошад, набошад (давом орад)


Шеър
Бечора Хоманаи)))) магар метонад тьфу тьфу гуяд бачои бах бах)))) о манам чои Хоманаи бошам ахсан мегуям магар чорае дорам?! мехмонро намешавад норохат кард ку)))

Хакгуй
Хамин бародари Шохмансури мо магар наметавонист шеъри ягон Шоирро хонад. Бечораи Хоманаиро дар хичолат намонад. Ин Хоманаи оё узви жюри аст, ки назми навкаламро бахо медихад. Бах-бах...

Шеър ба касе лозим нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)