Талаби 18 соли зиндони “Шайх Темур” ва норозигии вакили дифои ӯ
Вакили дифои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба Шайх Темур мегӯяд, аз талаби додситонӣ барои 18 сол равонаи зиндон кардани зерҳимояаш розӣ нестанд.
Якуми июли соли равон дар мурофиаи навбатии қазияи “Шайх Темур” айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, гумонбаршударо 18 сол аз озодӣ маҳрум созад. Мавлудхон Салихов, вакили мудофеи Саидмаҳдихон Сатторов имрӯз, дуюми июл ба “Озодагон” гуфт, ин муҳлат хеле зиёд аст ва наметавонанд ба он розӣ шаванд. Ӯ афзуд, айбдоркунандаи давлатӣ дар асоси моддаи 250 - тамаъҷӯӣ 18 сол талаб кардааст. Ҷаноби Салихов мегӯяд, “ҷиноятҳои дигаре, ки зерҳимояи ман бо онҳо муттаҳам мешуд, қаблан исботи худро ёфтанд, аммо дар асоси қонуни афв, бахшида шуданд”.
Мавлудхон Салихов иброз дошт, дар назар аст, рӯзи сешанбеи 7 июл Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зерҳимояаш дар боздоштгоҳи №1 эълон кунад.
Саидмаҳдихон Сатторов дар баробари тамаъҷӯӣ дар анҷоми ҷиноятҳои дигар, назири монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, несту нобуд кардани гӯрҳо, ишғоли худсаронаи замин муттаҳам мешуд.
Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, нақл мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе нахустин мурофиаи додгоҳии ӯ баргузор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |