Оғози мурофиаҳои додгоҳии узви Раёсати олии ҲНИТ
Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ба баррасии парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард.
Зарафо Раҳмонӣ, яке аз вакилони дифои Маҳмудов дар суҳбат ба ozodagon.tj гуфт, “аввалин мурофиаи додгоҳии Маҳмудов рӯзи 7 июли соли равон дар Додгоҳи ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад”.
Ҷамолиддин Маҳмудов бар асоси банди "б", "в"-и қисми 2-и моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва бо маслиҳати пешакӣ пинҳон кардани он, айбдор мешавад.
Ӯ рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, “бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".
13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир карда, баъдан ин муҳлатро тамдид кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |