Президент ҳамсарашро бо ордени ба номи падараш қадрдонӣ кард
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бо судури як фармон ҳамсари худ - Меҳрубон Алиеваро бо ордени “Ҳайдар Алиев”, мукофоти олии кишвараш сарфароз гардонидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Озарбойҷон, ин иқдом ба хотири фаъолияти босамари ҳамсари президент барои рушди фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш, тарғиби фарҳанги Озарбойҷон дар ҷаҳон ва саҳми ӯ дар ташкили аввалин Бозиҳои аврупоӣ дар ин кишвар гирифта шудааст.
Аввалин Бозиҳои аврупоӣ-2015 аз 12 то 28 июни соли равон дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд. Дар мавриди дар Боку баргузор шудани Бозиҳои аврупоӣ-2015 моҳи декабри соли 2012 дар Рим тасмим гирифта шуд ва 17 январи соли 2013, бо фармони Илҳом Алиев, Меҳрубон Алиева раҳбари Кумитаи тадорукот оид ба баргузории ин бозиҳо таъин гардид.
Бозиҳои аврупоӣ бо ташаббуси Кумитаҳои олимпии Аврупо, ки мақарраш дар Лозанн буда, дар ҳоли ҳозир 50 Кумитаи миллии олимпии Аврупоро гирд овардааст, доир мешавад. Дар бозиҳои Боку 6200 варзишгар аз 50 кишвар иштирок намуда, аз рӯи 20 навъи варзиш бо ҳам рақобат намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |