Табассуми қотилони Толибхон ҳангоми қироати ҳукми додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Липетскийи Русия ду донишҷӯи соли аввалро дар куштори як тоҷики шаҳрванди Узбакистон ва ҳамла ба се тани дигар муҷрим шинохта, якеро барои 8 ва дигариро барои 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳар кадоме аз онҳо 10 соли зиндон талаб карда буд. Номи маҳкумшудаҳо бо далели замони содир кардани ҷиноят ҳанӯз ба 18 нарасидан (соли таваллудашон 1995 ва 1997), ифшо нашудааст.
Ба иттилои додситонӣ, ин ҷиноят бо омодагии қаблӣ содир шудааст. Муҷримон нафарони мавриди ҳамларо дар ҷойи зисташон таъқиб карда, шаби 24-уми августи соли 2013 бо корду табар ба онҳо ҳамла овардаанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Толибхон Мақсудови 29-сола 3 зарби табар ва 7 зарби корд хӯрда, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст. Се тани дигар -- Олим Мақсудов, Алишерхон Аҳмадхонов ва Аҳмадхон Меликхонов аз ҳуш рафта, 3 ҳафта дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Муттаҳамон баъди як моҳи ҳодиса боздошт шуда, аз онҳо китобҳои “Алифбои миллатгарои рус”, “Адолф Ҳитлер дар бораи Русия ва русҳо” ва “Чанд тавсия дар бораи хушунати хиёбонӣ” мусодира шудааст. Ба навиштаи расонаҳо ҷинояткорон тӯли як сол ба гуноҳи худ иқрор нашуда, ҳангоми хондани ҳукми додгоҳ табассум кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |