Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҳоло ба Ватан барнамегардад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки баъд аз интихоботи парлумонии якуми марти кишвар дар хориҷ қарор дорад, мегӯяд, ҳоло ба Ватан бар намегардад.

Ӯ дар суҳбат бо бахши русии Би-Би-Сӣ гуфтааст, “нақшаҳо иваз шудаанд ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ низ тавсия медиҳад, барнагардам ва албатта, дар ин бора далелҳо низ доранд”. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфта, вазъи кунунии сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле муташанниҷ буда, аз ҳар гуна таваккул бояд худдорӣ кард: “Ман ин тавсияи онҳоро ҷиддӣ қабул дорам”.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбатҳои қаблии худ бо расонаҳои хабарӣ гуфта буд, қасд дорад, Рӯзи Ваҳдати миллиро дар Ватан таҷлил кунад.

Худдории Кабирӣ аз омадан ба Ватан дар ҳолест, ки ахиран “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”. Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.

Ба дунбол, раиси ҲНИТ аз нашри хабарҳо дар мавриди эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи худ дар Ватан бо иттиҳоми заминфурӯшӣ, нигаронӣ карда, гуфт, маконеро, ки 17 соли пеш фурӯхт, моликияти шахсии худаш буд. Раиси ҲНИТ гуфта, “ман бисёр шигифтзада шудам, ки дар арафаи таҷлили Ваҳдати миллӣ тавассути расонаҳои расмии кишвар эълон мекунанд, ки гӯиё алайҳи ман дар Ватан парванда боз мешаваду гӯиё ман 17 соли пеш моликияти шахсии худро нодуруст фурӯхтаам. Чи гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, дар ҳоле ки макони фурӯхташуда моликияти шахсии ман буд. Ба ҳар ҳол, агар масъалаи ҳалношудае бо ман мешуд, имкон буд, баъди таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ба миён гузоранд. Дар ҳоле ки дар муддати ин 17 соли гузашта ман ду бор вакили парлумон интихоб шудааму қонунҳои авфи зиёде қабул гардидааст”.
Мӯҳр
Саид
ягон гапи нав наугуфти Озодагон!

Сино
Вакт ба охир расидаистодааст! Худо мададгори Кабири!

Ххдт
Бармегаштед хуб мешуд!

Ваҳдати Миллӣ
Гуноҳ ки дорад барнамегардад.

Такдирбек
Барнагард Кабири! Агар омади, такдири Зайд Саид Шуморо интизор аст. Зайд хам дар Порис буд ва дили пур омад... Ана ранг бинеду хол пурсед...

Умар
Кабири хохад амад! . Исломи Мухаммади пируз хохад шуд( на исломи сахюнисти Амрикои на дииш ) ва на вахобияти араби ва на шиаи эрони балки исломи бо фикхи Ханафи ва каломи Мотруди.... иззату обуру ьдасти Худост.
Кабири набояд бо назари чанд точир норохат шавад. Ин бародарон нонашонро аз хамин назарипардози ба даст меоранд. Як руз ба нафъи камунист шиор медоданд, имруз адои демократия дар оварданд ва хатман фардо мудофеони ислом хоханд буд. Аммо чи ба даст меоранд? 《Аллоху аълам 》..
Озодагон!!!! Хохиш мекунам озод бошед ва чоп кунед !!!!????

Умар,
Ба Умар фикхи Ханафй мегуй чаро акидаашро намегири бо акидаи Мотуриди мерай?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)