Раёсати нави Бонки Миллӣ 197 кормандро ихтисор мекунад

Раёсати нави Бонки Миллии Тоҷикистон сохтори нави ин ниҳодро тасдиқ кардааст, ки тибқи он 197 корманд ихтисор хоҳанд шуд.
Тавре аз Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сохтори нав дар ин ниҳод аз 1-уми сентябри соли равон мавриди амал қарор хоҳад гирифт: “Дар пайи ҷорӣ намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори Бонки миллӣ шумори воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд”.
Ба иттилои манбаъ сохтори нав ва таҷдидгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар Шуъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ хоҳад кард: “Инчунин бар асоси қарори Раёсати Бонки миллӣ бояд тамоми кормандони бонк аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд”.
Раёсати Бонки Миллӣ ҳадаф аз ин иқдомро ба танзим овардани сохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин ниҳод арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |