Ҳабси ҷавоне, ки барои суҳбати телефонӣ ҳамсарашро 30 корд задааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як сокини 25-солаи ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки дар куштори завҷааш муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои торнамои ВУД, дастгиршуда рӯзи 28 июни соли равон соати 21:00 собиқ ҳамсари 22-солаи худро ҳангоми бо телефони мобилӣ гап задан дида, аз ҳиссиёти рашк бо ӯ ҷанҷол мекунад: “Гарчанде, зан исрор мекунад, ки бо бародараш суҳбат дорад, гумонбаршуда ба суханони ӯ бовар накарда, ӯро ба поёни боғи ҳавлиашон бурда, бо корд 10-12 маротиба ба қисмати шикамаш мезанад”.
Манбаъ мегӯяд, гумонбаршуда бо ин қаноат накарда, пас аз чанд лаҳза ба ҷойи ҳодиса бармегардад ва такроран 20-25 маротибаи дигар ба тамоми узвҳои бадани ҷабрдида бо корди дар дасташ буда зарба мезанад: “Дар натиҷа зан бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |