Ҷанозаи нахустин мутарҷими Қуръон ба забони тоҷикӣ дар Душанбе

Ҷанозаи Муҳаммадҷон Умаров, пажуҳишгар ва мутарҷими китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ баъд аз адои намози аср дар масҷиди Сари Осиёи шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Муҳаммадҷон Умаров, ки аз дарди гурда ранҷ мебурд, субҳи рӯзи 30 июн дар синни 65 аз олам даргузашт. Ӯ 15 январи соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Шӯъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1972 мебошад. Ба ҳайси ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, муҳаррири ҳафтаномаи “Номаи пажуҳишгоҳ”- Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон кор карда, солҳои 1986-1996 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз забони арабӣ ва таърихи дин дарс гуфтааст.
Муҳаммадҷон Умаров китоби Қуръон ва китоби “Саҳеҳ”-и Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ, ки маъруф ба “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ҳайати гуруҳи расонаҳои “Озодагон” ба пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён намуда, аз марги мутарҷим ва шарқшиноси барҷастаи тоҷик сахт андуҳгин мебошанду барои бозмондагонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |