ДИИШ барои аввалин бор сари занро аз тан ҷудо кард
Созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ барои аввалин бор сари занро аз тан ҷудо кардааст.
Ба иттилои намояндагии Дидабони ҳуқуқи башар дар Сурия, дар шаҳри Дейр аз-Зури ин кишвар ҷангҷӯёни ДИИШ сари ду занро, ки дар ҷодугарӣ ва сеҳр айбдор мешуданд, аз тан ҷудо кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, яке аз ин занҳо рӯзи якшанбе, 28 июн ва дуюмӣ рӯзи душанбе 29 июни соли равон дар маърази ом дар шарқи Сурия кушта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта бархе аз занон аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ тавассути силоҳ ва сангсор кушта шудаанд.
Тибқи иттилои намояндагии Дидабони ҳуқуқи башар дар Сурия, давоми як соли охир аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ дар қаламрави ин кишвар 3 ҳазор нафар эъдом шудаанд, ки бархе аз онҳо дар ҷосусӣ ё ҷанг алайҳи ин созмони террористӣ айбдор эълон мешуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |