Таърих, забон ва қонунҳои Русия бо забони тоҷикӣ дар телефонҳо
Пойгоҳи “Русия барои ҳама” ба мақсади омӯхтани забони русӣ, таърих ва қонунгузориҳои Русия барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва Узбакистон барномаи телефонӣ сохтааст.
Ба иттилои ин пойгоҳ “дарсҳои барнома аз ҷониби мутахассисони донишгоҳҳои беҳтарини Русия сохта шуда, комилан ба барномаи тестии муҳоҷирон мувофиқ аст”.
Масъулини пойгоҳ мегӯянд, ин замимаи телефонӣ барои дастгоҳои низоми Android 1.6 дастрас аст.
Ҷанбаи дигари мусбати ин барнома дар он арзёбӣ мешавад, ки ҳамаи дарсҳои он бо забони русӣ ва забони модарӣ буда, бо тасвирҳо ва имкони санҷидани ҷавоб муҷаҳҳаз шудааст.
Масъулин мегӯянд, қарор аст, ки чунин барнома барои шаҳрвандони Қирғизистон ҳам сохта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |