Таҳияи Алишер ЗАРИФӢ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 30 июн дар ҷаласаи навбатии парлумон аз натиҷаи кори беш аз 3 моҳаи вакилон ва нақшаҳои минбаъдаашон суҳбат кард.
Раиси палатаи поёнии парлумон иброз дошт, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум давоми фаъолияти зиёда аз семоҳааш 10 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро доир намуда, 48 масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст. Ӯ гуфт, дар ин давра 11 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор гардида, 2 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 3 тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 2 қонуни мукаммал, 13 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 8 созишнома, 1 шартнома, 2 конвенсия, 55 қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон доир ба масъалаҳои гуногун қабул гардид.
Ҷаноби Зуҳуров қайд намуд, ки “ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагон 2 академик, 8 доктори илм, профессор, 17 номзади илм ва даҳҳо шахсиятҳои кордидаю дорои таҷрибаи бойи идоракунӣ интихоб шудаанд, ки донишу маҳорати касбиашон барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ шарт ва зарур аст”.
Ба қавли раиси Маҷлиси намояндагон, ба 30 вакили тозаинтихоб хонаи истиқоматии хизматӣ ҷудо гардида, ҳамаи вакилон бо утоқҳои корӣ, таҷҳизоти компютерии пайваст бо шабакаи интернетӣ ва мошинҳои хизматӣ таъмин гардидаанд.
Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, дар саросари ҷаҳон рақобатҳои шадиди геополитикӣ авҷ гирифта истодаанд, ки оқибати онҳо ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон низ бетаъсир нест: “Чунин вазъ аз мо вакилони Маҷлиси намояндагон талаб менамояд, ки дар фаъолияти қонунгузорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ба таъмини субботу оромӣ ва рушди иқтидори иқтисодиву молиявии кишвар диҳем. Қонунҳое қабул намоем, ки онҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат карда, барои рушди бонизоми иқтисодӣ ва асосҳои молиявии давлат хизмат намоянд”.
Оқои Зуҳуров афзуд, “вазифаи даъвати нави Маҷлиси намояндагон қабл аз ҳама дар он аст, ки қонуну кодексҳои қабулшуда ба талаботи замон мувофиқ кунонида шуда, қонунгузории амалкунанда аз лиҳози милликунонӣ, яъне мутобиқ гардонидани мазмуну муҳтавои ҳар меъёр ва санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба манфиати халқу давлат ва тақдири имрӯзу фардои кишвар, таҷдиди назар карда шаванд”.
Ӯ таъкид намуд, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз пешорӯи мақоми қонунгузори ҳар давлати ҳуқуқбунёд истодааст, ин баланд бардоштани сатҳ ва сифати қонунҳо ва ба омма наздик гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳост. Бо таваҷҷуҳ ба ин, раиси Маҷлиси намояндагон қайд намуд, ки матни қонун бояд мухтасар ва оддӣ бошад, ифодаи ирода бояд бидуни тобишҳо содда, рӯшан ва фаҳмо сурат гирад, қонун тарзе навишта шавад, ки аз ҷониби афроди гуногун яксон фаҳмида шавад, дар навиштани қонун аз истифодаи истилоҳоти номафҳум худдорӣ бояд кард: “Қонун бояд ба масъалаҳои ҷузъӣ дахолат накунад ҳадафи вай масъалаҳои умумиятдошта аст, ки доираи васеи мардумонро фаро мегиранд; беҳтар аст, ки истисно ва маҳдуднамоиро истифода набарем, агар чунин зарурият набошад, зеро истисно аз қонун худ истиснои қонун аст; бидуни асосҳои кофӣ ба қонун тағйирот ворид нашавад ва монанди инҳо”.
Шукурҷон Зуҳуров ба вакилон гуфт, пеши роҳи аз ҳад зиёд қабул кардани қонун ё қабули якчанд қонун оид ба масъалаҳои ҳамсон бояд гирифта шаванд ва сифати қонунҳои мушаххас беҳтар карда шаванд, то мардум дар мавриди зарурӣ ба ин ё он қонуни дахлдор муроҷиат намуда, роҳи ҳалли ҳуқуқии мушкили худро аз шумораи ҳарчӣ камтари қонунҳо дарёбанд. Ӯ қайд намуд, ки чун қонунҳо барои оммаи мардум қабул мешаванд, аз ин рӯ ба масъалаи оммафаҳм гардонидани забони қонунгузорӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, дар шароити таъсири рӯзафзуни падидаҳои номатлуб ба мафкураи ҷавонон ва умуман аҳолӣ ба таври дахлдор ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунҳо тарбия намудан, яке аз воситаҳои асосӣ ва самараноки пешгирии чунин падидаҳо ва унсури таркибии сиёсати ҳуқуқӣ ба шумор меравад: “Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъолияти вакилонро дар ин самт дар арафаи вохурӣ бо интихобкунандагон зарур шуморида, ба мақсад мувофиқ медонам, ки аз ҳисоби вакилон гурӯҳои корӣ таъсис дода, дар моҳи сентябр роҷеъ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои соҳибихтиёрӣ ва эҳтимолияти равандҳои ислоҳоти қонунгузорӣ ва конститутсионӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа дар ҳама шаҳру ноҳияҳо вохуриҳо ташкил карда шуда, диққати асосӣ ба баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон ва муҳаббат ба ватан дода шавад”.