Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ғарқшавиҳо дар фасли гармо
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз афзоиши маргу мир бар асари ғарқшавӣ дар кишвр нигаронӣ карда, аз сокинон даъват кардааст, аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ба иттилои дафтари матбуоти кумита, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 54 нафар дар пайи ғарқшавӣ дар дарёву кӯлҳои ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23 ҳолат бештар аст.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардаанд, бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо таҳдиди эҳтимоли ғарқшавӣ вуҷуд дораду хоҳиш мешавад, ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошанд: “Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ҳангоми истироҳату шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатарии рафтор дар обро риоя намуда, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.
Бахусус ҳангоми истироҳат дар наздикии иншооти обӣ падару модарон кӯдакони ноболиғро беназорат нагузоранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |