Ҳалокати ду шаҳрванди Русия дар роҳи Данғара
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сониҳаи нақлиётӣ рӯзи 29-уми июн дар қаламрави ноҳияи Данғара ду шаҳрванди ҷавони Русия ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 24-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти И.Шариф аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш ба таги пули обгузар ба чуқурии 8-метр сарозер шудааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур, ду шаҳрванди Федератсияи Русия - марди 27 ва 26-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ронанда, ки сокини шаҳри Кӯлоб аст, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ки ҳалокшудагон аз ҷумлаи низомиёни Русия будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |