Зуҳуров ба вакилон дили беғаму хотири ҷамъ ва истироҳати бофароғат орзу кард
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 30 июн зимни ҷаласаи навбатии парлумонӣ дар хитоб ба вакилон гуфт, “ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, дили беғам, хотири ҷамъ ва истироҳати бофароғатро орзу менамоям”.
Оқои Зуҳуров изҳори умед кард, ки пас аз 45 рӯзи рухсатии меҳнатӣ вакилон бо қувваю нерӯи зеҳнии нав баргашта, “дар таҳия ва устувор намудани пояҳои ҳуқуқии давлат, ҳамвор ва суфта намудани роҳи қонунии рушди инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии халқ, таъмини заминаҳои ҳуқуқии субот, амният, тантанаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гул-гул шукуфии Ватани азизамон саҳми босазои худамонро гузорем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |