Г. Келдӣ дар бораи гаронӣ, андози хилофи супориши президент ва бехонагии адибони ҷавон

Гулназар Келдӣ, шоири маъруфи тоҷик имрӯз, 30-юми июн дар 14-умин Анҷумани вакилони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз гаронии нархи китобҳою андозҳои хилофи супориши президент интиқод карда, ҳушдор дод, ки 15-20 сол пас дар Душанбе шоиру нависандаи номбардоре ёфт нахоҳад шуд.
Келдӣ супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои дастрас кардани нархи китобҳо дар кишварро зикр карда, афзуд, ки бо вуҷуди дастури раисиҷумҳур феълан китобҳои тозанашр дар кишвар нархи гарон доранд. Шоири маъруф яке аз омилҳои гаронии нархи китобҳои тозанашрро дар кишвар ҷорӣ намудани андоз аз чопи китобҳо хонд.
Гулназар Келдӣ дар баробари пешниҳодаш барои дастрас кардани нархи китобҳо барои хонандагон инчунин масъалаи таъмини адибони ҷавонро бо манзили зист ба миён гузошт. Ӯ мегӯяд, феълан адибони ҷавони бомаҳорат баъди як-ду соли хатми донишгоҳ ба далели камбуди ҷои зист ба зодгоҳашон бармегарданд ва муҳити танги адабии макони онҳо монеаи рушдашон мешавад. Ӯ ҳушдор дод, ки агар ин раванд идома ёбад, 15-20 сол пас дар Душанбе шоиру нависандаи номбардоре ёфт нахоҳад шуд.
Анҷумани 14-умини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон феълан дар толори театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе ҷараён дорад ва қарор аст, ки дар ҷараёни он раҳбари нави ин ниҳод интихоб шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |