Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри Кароматулло бо Султони Ҳамад, муовини пешини раҳбари ҳайати баландпояи низомиву сиёсии Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон (ИНОТ) оид ба татбиқи Протоколи Хустдеҳ.
“ИДДАЕ НУРИРО БА ХИЁНАТ АЙБДОР КАРДАНД”
“Озодагон”: Аз замон имзои созишномаи сулҳ чӣ хотироти ногуфтае доред?
Султони Ҳамад: “Хотироти ногуфта дар мавриди Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар албатта хеле зиёданд. Вале ин ҷо танҳо яке аз он лаҳзаҳоро ёдовар мешавам. Мо аъзои як ҳайати сиёсиву низомии ИНОТ, ки беш аз ним сол қабл барои татбиқи Протоколи Хустдеҳ бо хоҳиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояти раҳбари Иттиҳоди нируҳои оппозисиюни тоҷик -- устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз Афғонистон ба минтақаи Қаротегину Вахё омада будем, дар маркази шаҳраки Ғарм, дар яке аз меҳмонхонаҳои ҳукуматӣ қароргоҳ доштем. Бегоҳии рӯзи 26-уми июни соли 1997 буд. Аз намояндагии дар Ғармбудаи Ҳайати нозирони низомии СММ нафаре омаду гуфт, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз Маскав занг зада истодааст ва феълан дар хатти алоқа қарор дорад. Мехоҳад бо яке аз аъзои ҳайати сиёсиву низомии мухолифин суҳбате дошта бошад. Чун Давлати Усмон, раҳбари ин ҳайат дар гуфтушуниди Маскав қарор дошт, аъзои дигари ҳайат -- Муҳаммадалӣ Ҳайит, Неъматуллоҳи Билол, Мирзомуҳаммадии Навид аз банда, ки дар ин ҳайат муовини Давлат Усмон будам, хоҳиш карданд, бо устод Нурӣ суҳбат кунам. Гуфтам якҷоя меравем, шояд гапи мегуфтание шумо ҳам дошта бошед. Аз садои устоди марҳум маълум буд, ки табъи болидае дорад. Баъди аҳволпурсӣ нахуст аз вазъи минтақа ва мардум пурсон шуд. Гуфтем ҳама тинҷиву оромӣ ҳаст ва мардум гӯш ба қиморанд, ки кай Созишномаи сулҳ ба имзо мерасад. Ягон ҳолати нақзи созишномаи Оташбас низ дар ин рӯзҳои охир дар минтақа сурат нагирифтааст. Мақомоти дар маҳалбудаи ҳукумат ва неруҳои қудратии он низ уҳдадории худро дар бобати иҷрои талаботи Протоколи Хустдеҳ ба ҷо оварда истодаанд. Хулоса, вазъ дар умум хуб аст. Дар навбати худ мо аз устод Нурӣ аз рафти гуфтушуниди Маскав пурсон шудем. Гуфт пешравиҳо албатта ҳастанд, вале мушкилот низ хеле зиёданд. Дар идома гуфт, “Худо хоҳад имшаб ё фардо шумо хабари хушеро аз расонаҳо хоҳед шунид”. Рӯзи дигар, дар ҳақиқат, мо аз тамоми расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабари хуши ба имзо расидани Созишномаи сулҳи деринтизорро шунидем. Дидани мардуме, ки ашки шодӣ мерехту шукронаи Худоро мегуфт, бароям хеле таъсирбахшу фаромӯшношуданӣ буд. Он рӯзро то ба имрӯз беҳтарин рӯзи ҳаётам медонам”.
Озодагон: Дар раванди музокирот бештар кадом тараф гузашт мекард ва бештар кадом гуруҳ зери фишор қарор дошт?
Султони Ҳамад: “Аз як сӯ гузашт кардан ва ё гузашт накардани ҷонибҳо дар раванди музокирот бештар ба вазъи сангарҳои набарди байни ду тараф бастагӣ дошт. Маъмулан агар дар даргириҳо ҷонибе ба пешравие ноил мегардид, ҷониби дигар одатан дар раванди гуфтушунид ба гузашт кардан то андозае моил мешуд. Масалан, ҷониби ҳукумат дар ин гуфтушунидҳо ба ташкили як Комиссияи оштии миллӣ дар оянда танҳо замоне розӣ шуд, ки неруҳои мусаллаҳи мухолифин дар аввалҳои декабри соли 1996 минтақаи Қаротегин, кони тиллои Шуғновро ба тасарруфи худ дароварданду ба самти Ховалинг пешравӣ карданд. Чун ҳадаф аз ин даргириҳо пешравӣ дар музокироти сулҳ буд, устод Нурӣ баъд аз гузашт кардани ҳукумат дар музокирот амр кард, ҳама неруҳои мусаллаҳи ИНОТ ба мавқеъҳои пештараи худ баргарданд. Ин ақибнишинӣ боиси он шуд, ки дар дохили раҳбарони ИНОТ Нуриро иддае ба хиёнаткорӣ айбдор карданд. Аз сӯи дигар гузашт кардан ва ё гузашт накардан дар музокирот бештар вобаста буд ба омодагиҳои аъзои ҳайатҳои гуфтушунидкунанда ба ин гуфтушунидҳо, ба маҳорати ба роҳ мондани ин гуфтушунидҳо аз тарафи раҳбарони ҳайатҳои музокирот ва ба мавқеи миёнҷии ин гуфтушунидҳо -- СММ. Дар раванди гуфтушунид, ба ақидаи ман ягон ҷониби музокиракунанда зери фишор қарор надошт, зеро музокирот маъмулан дар кишварҳои саввум доир мешуд ва мизбонон ҳамеша тамоми шароитро барои хуб гузаштани ин музокирот муҳайё месохтанд”.
“УСТОД РАББОНӢ ВА ШАҲИД МАСЪУД АЗ РАҲБАРОНИ МУХОЛИФИН БАСТАНИ СУЛҲРО ҚОТЕЪОНА ТАЛАБ МЕКАРДАНД”
Озодагон: Ҳоло саҳми бархе кишварҳоро дар расидан ба сулҳ таъкид мекунанд, аз ҷумла Русия, Эрон ва Афғонистонро. Ба назари Шумо кадом кишвар барои имзои ин созишнома бештар пофишорӣ мекард?
Султони Ҳамад: “Бале, саҳми кишварҳои алоҳида, бахусус онҳое, ки шумо номбар кардед, дар барқарории сулҳи байни тоҷикон хеле бузург аст. Хеле душвор аст, бигӯем, ки кадоме аз ин се кишвар бештар барои сулҳи тоҷикон саъю талош кардааст, вале Маскав шояд пештар аз дигарон дарк кард, ки идомаи ҷанг дар Тоҷикистон бар зарари Русия низ ҳаст. Маҳз барои ҳамин яке аз аввалинҳо шуда, тамоми сохторҳои зидахли ин кишвар ҷонибҳои даргири Тоҷикистонро ба хатми ҷанг ва бастани сулҳ даъват карданд ва худашон амалан дар ин раванд фаъолона ширкат намуданд. Кофист бигӯем, ки даври аввалини музокироти ҳайатҳои гуфтушунидкунадаи ду ҷониб ва боз чандин даври дигари гуфтушунидҳои ҳамин ҳайатҳо, чанд мулоқот дар сатҳи олӣ, билохира имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ, ки дар Маскав сурат гирифтанд, аз дурустии ҳамин нуқтаи назар гувоҳӣ медиҳанд. Примаков, Адамишин барин шахсиятҳои шинохтаи олами сиёсат дар Русия пуштибони ҳарчи тезтар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон буданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам на камтар аз Русия дар ин самт талош варзид. Агар хато накунам, дар Эрон барқарории сулҳи тоҷиконро то он дараҷа ҷиддӣ гирифтанд, ки дар Вазорати корҳои хориҷаашон ниҳодеро таъсис доданд, ки вазифаи он танҳо аз барқарории сулҳ дар Тоҷикистон иборат буд ва онро яке аз муовинони вазир -- Маҳмуди Воизӣ парасторӣ мекард. Сиёсатмадорони ба ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон сару кордоштаи ин кишвар бо ҳарду ҷониби даргири Тоҷикистон муносибати баробар ва бародарона доштанд. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯзҳои аввали даргириҳо дар Тоҷикистон шоҳиди бевоситаи фоҷиаи тоҷикон буд ва аз рӯзҳои аввал дасти кӯмаки худро ба фирориҳои тоҷик дароз кард. Кишваре, ки худ дар ҷанг қарор дошт, тамоми кушишҳоро ба харҷ медод, ки паноҳандагони тоҷик аз гушнагиву бехонаӣ азият накашанд. Баъдан раҳбарияти ин кишвар устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд коре карданд, ки раҳбарияти ду ҷониби даргир бори аввал дар Кобул рӯ ба рӯи ҳам бишинанд ва ошкоро ҳалли мусолиматомези қазияро дар миён бигузоранд. Ман бар ин ақидаам, ки мулоқоте, ки расо 20 сол муқаддам байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул бо миёнҷигарии устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор шуд, барои миллати тоҷик сарнавиштсоз буд”.
Озодагон: Гуруҳе бар инанд, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддин Раббонӣ ба мухолифон хиёнат карданд ва бо фишорҳои онҳо, гуруҳи мухолифин маҷбур шуд, ба гузаштҳои зиёд розӣ шавад. Оё чунин буд?
Султони Ҳамад: “Камина бо ин нуқтаи назар, ҳамчун як шахсе, ки ин воқеаҳоро бо чашми сар дидааст ва бо устоди зиндаёд Бурҳониддин Раббониву сипаҳсолори бемисл шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд борҳо суҳбат кардааст, ба ҳеч ваҷҳ розӣ шуда наметавонам. Бале, дуруст аст, ки ин ду шахсияти таърихӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар Тоҷикистон аз муҳоҷирин ва мухолифини мусаллаҳи тоҷик ҳамаҷониба пуштибонӣ мекарданд. Ин то он даме идома дошт, ки устод Раббонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд. Баъди ин вохӯрӣ устод Раббонӣ бо роҳбарияти дар Афғонистон будаи тоҷикон бештар аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳарф мезад. Ӯ баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба ин назар буд, ки тоҷикон метавонанд бо роҳи мусолиматомез мушкилоти худро ҳал кунанд. Ӯ ин суханонашро дар як мусоҳиба бо банда 10 сол пеш низ такроран гуфт. Аз ин рӯ шояд он замон ҳукумати Афғонистон кӯмакҳои моливу пулии худро ба неруҳои мусаллаҳи ИНОТ камтар кард ва ҳатто имкон дорад, ки қатъ ҳам карда бошад. Ба он хотир, ки майли раҳбарияти мухолифин ба бастани сулҳ бештар шавад. Мавқеи Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар қиболи раҳбарияти мухолифини тоҷики дар Афғонистонбуда баъди суқути Кобул ба дасти гуруҳи Толибон дар сентябри соли 1996 тағйир ёфт. Акнун устод Раббонӣ ва шодравон Масъуд аз раҳбарони мухолифини тоҷик бастани сулҳро бо ҳукумати Тоҷикистон қотеъонатар талаб мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки “ҳамин “Толибон” дар оянда барои шумо ҳам дарди сар хоҳанд шуд. Замоне буд, ки мо инҳоро дастгирӣ кардем. Бубинед, онҳо имрӯз бо мо чи кор карданд”. Дар ҳамин давра убури марз барои размандагони мухолифини тоҷик ба мақсади ба манотиқи даргирӣ ба Тоҷикистон рафтан хеле душвор шуд. Бисёриҳо ба ин назар буданд, ки ин монеъаҳо кори дасти Масъуд ва устод Раббонианд. Вале баъдан маълум шуд, ки корро баъзе қумандонҳои афғон худсарона бо хоҳиши марзбонҳои рус ба ивази мукофоте анҷом медодаанд. Устод Раббонӣ ва шодравон Масъуд хуб дарк мекарданд, ки барои онҳо низ ҳамчун давлатмардони аз қудратдуршудаи як кишвари ҳамсоя Тоҷикистони боамнияту босубот беҳтар аст аз Тоҷикистони ноамн. Албатта онҳо мехостанд, тавассути Тоҷикистон ва махсусан Русия, қудрати худро дар Афғонистон барқарор кунанд. Барои он ки тавассути Тоҷикистон кумак дарёфт кунад, худи Тоҷикистон бояд орому босубот бошад. Аз ҳамин рӯ онҳо аз раҳбарияти мухолифини тоҷик бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияро мехостанд”.
“БИНОИ СУЛҲ ТО РАФТ ТАХРИБ ШУДА ИСТОДААСТ”
Озодагон: Аз имзои Созишномаи сулҳ 18 сол гузашт ва ҳоло тарафи дигари сулҳ дар вазъияти чандон хубе қарор надорад. Дар байни коршиносон суолҳое ба ин мазмун, ки “дасти дигари сулҳ куҷост” рӯ задааст. Ба назари Шумо чаро тарафи дигари сулҳ дар як чунин вазъияте қарор гирифт?
Султони Ҳамад: “Дар ҳақиқат, 17 сол қабл ҳангоме, ки мо нахустин солгарди ба имзо расидани Созишномаи сулҳро дар пойтахт ҷашн мегирифтем, мардуми Душанбе табъи болидатар доштанду хушу хурсандтар ба назар мерасиданд. Дар ёдам ҳаст, ки ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ расо ҳамон рӯзи 27-уми июн дар Боғи марказии шаҳр (ҳоло Боғи Рӯдакӣ), ки чунин муҳташам набуд, баргузор шуд. Дар он ҳамоиш аз ҳарду ҷониб қариб, ки баробар намоянда ширкат мекард. Президенти кишвар ва раиси Комиссияи оштии миллӣ паҳлӯи ҳам нишаста ба суханронии намояндагони ҳарду тараф, ҳунармандон, кӯдакон гӯш мекарданду ба ҳамдигар ибрози назар менамуданд. Дар маъракаҳои солҳои баъдӣ шумораи ширкаткунандагони ҷониби мухолифин торафт камтар мешуд. Кор ба дараҷае расид, ки ба чунин маъракаҳо аз ҷониби мухолифин танҳо онҳоеро даъват мекарданд, ки ё вакили парлумон буданд ва ё аъзои ҳукумат. Ҳарчанд аз ҷониби дигар нафарони зиёде, ҳатто бознишастаҳо ҳам даъват мешуданд. Оҳиста-оҳиста замоне фаро расид, ки дигар дар чунин ҷашнҳо намояндагони ҷониби мухолифинро даъват намекардагӣ шуданд. Чаро чунин шуд ва ҳоло ҳам чаро чунин шуда истодааст? Ин танҳо ба Худо маълум асту ба онҳое, ки масъули баргузории чунин маъракаҳоянд. Банда дар чунин муносибат бо намояндагони собиқ мухолифин мантиқи солиму созандаро намебинам. Бо вуҷуди ин ҳама агар мушкил дар муносибат ба ҷониби дигари сулҳ бо ҳамин даъват шудан ё нашудан ба маъракаҳои ҷашнӣ хотима меёфт, кори ба хайр мебуд. Мутаассифона, тибқи гуфтаҳои собиқ мухолифин ва худи мо ҳам гоҳ-гоҳ инро мебинем, аксари намояндагони собиқ мухолифин бо чунин беадолатиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёт аҳёнан дучор мешаванд. Роҳи баромадан аз ин бунбастро ман дар баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ ва ҳуқуқии тамоми мардум ва иҷрои бечунучарои қонунҳои мавҷуда аз як шаҳрванди оддӣ сар карда, то мансабдори давлатӣ медонам. Яке аз роҳҳои асосии таҳкими ваҳдати миллӣ риояи бечунучарои адолат дар ҳамаи корҳо аз сӯи ҳамаи мансабдорон ҳаст. Роҳи дигарро ман набинам”.
Озодагон: Тарафҳо аз имзои ин созишнома чӣ мехостанд? Ҳамин вазъияте, ки ҳоло домангирӣ мост ё комилан чизи дигар?
Султони Ҳамад: “Ҷониби собиқ мухолифин мисли ҷониби дигар аз имзои Созишномаи сулҳ таваққуъи зиёд доштанд ва доранд. Барои мисол онҳо мехостанд ва мехоҳанд, ки як ҷомеаи мардумсолор дошта бошанд. Бо ҳамин ният мардум бо як умеде ба фардои худ дида медӯзад. Мехоҳанд фардои дурахшоне дошта бошанд. Озодонаву оромона дар чаҳорчубаи қонунҳо аз ҳуқуқҳои сиёсиву мазҳабиву шаҳрвандии худ истифода баранд. Дар ҳамин ҷо, дар Тоҷикистони азиз кор карда зиндагонии орому осудаи худро идома бидиҳанд. Бо тарбияи фарзандонашон бевосита машғул бошанд. Вале вақте мебинанд, ки бар хилофи Созишномаи сулҳ, бар хилофи Санади ҳамдигарбахшӣ аз телевизиони давлатӣ, аз расонаҳои дигари ҳукуматӣ ҷониби дигарро дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор мекунанд, ба унвонашон лаънат мефиристанд, сияҳкор мегӯянд, албатта ноумед мешаванд, руҳафтода мешаванд, бархеҳо ҳатто ба воҳима мезананд, ки имрӯз агар чунин гуфтанд, фардо аз ин бадтар мешавад. Таъқибкунӣ, қасду қасосгирӣ шурӯъ мешавад. Мутаассифона, ягон ниҳоде, ягон шахси бонуфузеро намебинед, ки муқобили чунин барномаҳои телевизон ва маводи рӯзномаҳо садо баланд кунаду гӯяд, ки ин корҳо хилофи Созишномаи сулҳанд, ба таҳким Ваҳдат халал ворид мекунанд. Дар Санади ҳамдигарбахшӣ як банде ҳаст ба ин мазмун, ки “Мо сӯйистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро ба нияти халал расондан ба раванди оштии миллӣ, иттиҳоми ҳамдигар ва дар ҳузури ҷамоат аз гузашта ба бадӣ ёд оварданро маҳкум менамоем”. Тааҷҷубовар он аст, ки ҳатто онҳое, ки дар сохтмони ҳамин бинои сулҳу ваҳдат хизматҳои шоёнеро анҷом додаанд, масалан, онҳое, ки дар гуфтушунидҳо бевосита ширкат карданд, аъзои Комиссияи оштии миллӣ буданд, ҳатто намояндагони кишварҳои гуруҳи Тамос, бо чашми худ мебинанд, ки ин бинои сулҳ чи гуна то рафт тахриб шуда истодааст, вале боз ҳам, мутаассифона, хомӯшанд. Охир, шикасти сулҳ дар Тоҷикистон бар зарари сулҳи минтақа ва умуман ҷаҳон хоҳад буд”.
“ҲАРДУ ҶОНИБ БОЯД АЗ ҲАМДИГАРСИЯҲКУНӢ ДАСТ БИДОРАД”
Озодагон: Чеҳраҳое ки барои сулҳ ҷонфидоӣ карданд, аз ҷумла барои расидан ба тавофуқ сахт талош карданд, киҳо буданд ва дар бораи онҳо чӣ хотироте доред?
Султони Ҳамад: “Чеҳраҳое, ки барои расидан ба тавофуқ сахт талош карданд, дар раванди сулҳи тоҷикон хеле зиёд буданд. Албатта чеҳраҳои асосӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буданд. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз нақши муҳим ва ҳалкунандаро онҳо мебозиданд. Вале чеҳраҳои сулҳсозро дар миёни ҳамаи табақаҳои дигари ҷомеа низ пайдо кардан мумкин буд. Мардуми оддӣ ҳар кас дар ҷои худ бо тарзи худ барои расидан ба сулҳ кореро анҷом додааст. Вале боз буданд шахсони алоҳидае, ки ҳам аз ҷониби раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби раҳбарияти собиқ мухолифин вазифаи мушаххаси қатъи ҷанг ва сулҳэҷодкунӣ доштанд. Инҳо раҳбарон ва аъзои ҳайатҳои музокиракунанда, аъзои Комиссияи муштараки назорат ба Созишномаи Оташбаси Теҳрон, аъзои Ҳайати муштараки сиёсиву низомии татбиқи Протоколи Хустдеҳ, аъзои Комиссия оиди бозгардондани муҳоҷирин, раҳбарият ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ, аъзои зергуруҳҳои мухталифи Комиссияи оштии миллӣ ва боз гуруҳҳои дигари эҷодгари сулҳу оштӣ буданд. Мушахассан, ҳамаи он чеҳраҳоро дар ин ҷо номбар кардан аз имкон берун аст. Бархе аз онҳо ин дунёи фониро падруд гуфтаанд. Баъзе аз онҳо дар ҳамин роҳи эҷоди сулҳу оштӣ ба шаҳодат расиданд. Мутаассифона, дар бораи хизматҳои онҳо на ҳама мардуми Тоҷикистон огаҳӣ доранд, хидмати на ҳамаи онҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳастанд нафарҳое, ки барои барқарории сулҳу субот хизматҳои арзандае кардаанд ва ҳанӯз дар қайди ҳаётанд, вале мардум аз ҷонбозиҳои онҳо хабар надоранд. Агар ин камбудиҳо ислоҳи худро ёбанд, агар дар бораи ин шахсиятҳо ба мардум бештар бигӯем, хизматҳои онҳоро қадр бикунем, бовар дорам, ба манфиати таҳкими ваҳдати миллӣ хоҳад буд”.
Озодагон: Агар ҳадс занем, ин созишнома имзо намешуд, мо дар чӣ вазъият қарор доштем. Ҳам тарафи мухолифин, ҳам тарафи ҳукумат ва ҳам мардум?
Султони Ҳамад: “Худо накарда агар Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон ба имзо намерасид ва сулҳу субот барқарор намегашт, ин аниқ аст, ки вазъиятеро доштем, ки имрӯз мардуми Афғонистон, Ироқ, Либиё, Сурия, Украина ва баъзе мамолики дигар дар ҷаҳони муосир доранд. Ҷанги хонумонсӯз агар идома пайдо мекард, даҳҳо ҳазор тани дигар аз ҳамватанони мо кушта мешуданд, сафи ятимону бевазанон меафзуд, мулк боз ҳам вайрону валангортар мегардид, шояд Тоҷикистони азизи мо ба минтақаҳо таҷзия мешуд, мисле ки дар кишварҳои номбурда ин ҳолатро мебинем. Агар ҷанг идома мекард, мо Душанбеи азизро чунин ободу хуррам дида наметавонистем, дигар пешравиҳоеро, ки дар самти ободонӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ дорем, дошта наметавонистем. Ин пешравиҳо самараи ҳамин сулҳи ҳарду ҷониб аст. Аз ин рӯ ҳарду ҷониб бояд аз ҳамдигарсияҳкунӣ даст бидоранду шукронаи ин сулҳу оромиро бикунанд ва меваҳои дарахти сулҳро бародарвор бо ҳам бубинанд. Ин кори оқилонаву одилона мебуд. Зеро ин дарахтро ҳарду шинондаанд, ҳарду обёрӣ ва нигоҳубин кардаанд, ҳарду ба ҳосил расондаанд”.