Бахшҳо

Оё даврони Кабирӣ дар сиёсат сар омад?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бо доғ шудани баҳсҳо ва таҳдидот алайҳи шахси раиси ҲНИТ -- Муҳиддин Кабирӣ дар ин авохир нуқтаназарҳои гуногуне садо медиҳанд. Таҳлили авзоъ, равандҳои сиёсӣ, хосияти қудрат дар Осиёи Марказӣ ва дигар назокатҳо ва шеваҳои хоси муборизаи сиёсӣ дар минтақаи мо ин пиндорро ба вуҷуд оварданд. Агар Кабирӣ битавонад дар ин гиру дор ва фазои ноҷӯри сиёсӣ мавзеъгирии дуруст кунад, эҳтимоли боз шудани саҳфаҳои муваффақтари фаъолиятҳои сиёсии ӯ дар сиёсати бузург вуҷуд дорад. Вале агар мавзеъгириеро, ки то кунун доштааст идома бидиҳад, ба фоидаи шахси ӯ ва ҲНИТ нахоҳад буд.


ФИШОР БА ТУГМАИ МАРКАЗИИ ҲНИТ

Тақрибан баъд аз фирори Гулмурод Ҳалимов, командири дастаи таъиноти вижа (ОМОН)-и ВКД аз кишвар ва пайвастанаш ба сафи ДИИШ мавзӯи доғи дигар дар маҳофили сиёсӣ ва расонаӣ баргаштан ё барнагаштани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба Тоҷикистон мебошад. Чаро шахсияти Кабирӣ дар ин авохир бисёр муҳим дониста мешавад ва баҳсе атрофи он эҷод карда шуд? Саволест, ки посухашро ба таври рӯшан то кунун на роҳбарияти ҲНИТ ва на худи шахси Кабирӣ надодаанд. Ҳамаи ин ҳаводиси зиду нақиз фикреро ба бор оварда, ки оё даврони Кабирӣ дар сиёсати бузург сар омад?

Нашри матлаби муаллифи гумноме дар “Ҷумҳурият” - рӯзномаи расмии Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳси ба Тоҷикистон баргаштан ва барнагаштани Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро то як андоза воқеият бахшид. Бо фарқ аз мавридҳои гузашта, бар асоси бисёр зуд вокуниш нишон додани Кабирӣ ба ин матлаб мешавад ҳадс зад, ки худи Кабирӣ ҳам ин паёмро гирифтааст, ки акнун фишори мақомот ин бор ба тугмаи марказии ҲНИТ аст.

“АНСОРУЛЛОҲ” ВА “ҶУМҲУРИЯТ”: КАБИРӢ АЗ КАДОМЕ ТАРСИД?

Дар соли ҷорӣ ин бори дувум аст, ки Кабирӣ мавриди таҳдид ва ҳамалоти расонаӣ ва медиёи иҷтимоӣ қарор мегирад. Мавриди аввал пайдо шудани навори Мавлавӣ Салмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯйё яке аз чеҳраҳои ҳаракати “Ансоруллоҳ” (ин ҳаракат дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад) буд. Мавлавӣ Салмон дар ин навор ба Кабирӣ мегуфт, ҷиҳод дар Ироқ ва Шомро нодуруст хушунат хондааст. “Ҳамин ки имрӯз имом-хатибон аз минбарҳои масоҷид алайҳи шумо ҳарф мезананд ин аст, ки шумо дар ин маврид беинсофӣ кардаед ва аз ҷодаи Ислом мунҳариф шудед. Ҳамаи ин хориву зорӣ ва зиллати шумо ин аст, ки бо амри Худо мухолифат кардаед. Ба сӯйи Ислом боз гардед, аз сиёсатҳои куфрӣ даст кашед ва тавбаи насуҳ кунед”,-гуфта буд ин мавлавӣ. Аммо бештари коршиносон мегуфтанд, ки ин навор аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор сохта шуда паёмест ба Кабирӣ. Худи Кабирӣ ва дигар шахсиятҳои роҳбари ҲНИТ ҳам дар суҳбатҳои ахирашон ба ин паҳлӯи масъала ишораҳое доштанд. Баъзе аз коршиносон гуфтанд, ин навор дар яке таҳхонаҳои мақомот сохта шудааст. Мегуфтанд, пайдо шудани ин наворҳо сохтани зеҳниятест дар ҷомеа, ки агар Кабирӣ ба таври физикӣ аз байн бурда шавад омили ҳодиса “Ансоруллоҳ” хитоб гардад. Ин сенориёро ба таҳдидоте, ки пеш аз қатли Умаралӣ Қувватов аз ҷониби ҷангҷӯёни ДИИШ садо медод, як донистанд. Вале ошкор шудани қотилони Қувватов ва рабт надоштани онҳо ба ДИИШ нокоро будани ин сенориёро бармало кард. Худи Кабирӣ ҳарчанд, ки замони пайдоиши ин навор онро шарҳу тавзеҳ накард, вале акнун бо нашри матлаби “Ҷумҳурият” гуфт, паёми наворро ҷиддӣ гирифта буд.

Дар мавриди дувум нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” навишт, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”. Мантиқи ин гуфтовард ҳамин аст, ки парванда ё боз шудааст ва ё боз мешавад.
Худи Муҳиддин Кабирӣ ҳадди ақал дар 5 маврид нашри матлаби “Ҷумҳурият”-ро шарҳ дод. Аввалан дар як конфронс дар Маскав гуфт, тамоми иттилооти оварда дар матлаб бепояанд ва дар хариду фурӯши ҳамон иншооти ишорашуда ва заминҳои тавобеи он Кабирӣ дасте надорад, магар ин ки ин иншоотро қонунан харида буд ва қонун ба каси дигар ҳадя кардааст. Баъдан, дар мусоҳибаҳои вижа бо “САTV” (Телевизиони Осиёи Марказӣ), бахши тоҷикии родиёи “Озодӣ”, бахши форсии Би-Би-Си ва хабаргузории “Азия плюс” матлаби “Ҷумҳурият”-ро ба баррасӣ гирифт. Дар ҳамаи ин мусоҳибаҳо Кабирӣ аз амалкарди ахир шадид нигаронӣ изҳор карда ва баъид намедонад, ки ӯро ба маҳбас бикашанду атрофаш гуфтугузорҳоро ҷиддӣ кунанд.

ҲНИТ КАЙ БАСТА МЕШАВАД: ИМСОЛ ВА Ё СОЛИ 2017?

Ҳафтаи ахир мавҷи бесобиқаи наворҳои бидуни суроға вориди шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки дар онҳо масъулони ниҳодҳои поинрутбаи ҲНИТ дар шаҳру навоҳӣ аз хориҷ шудани худ аз суфуфи ин ҳизб ва қатъи фаъолияти он дар қаламрави масъулияти худ иттилоъ медиҳанд. “Ҷумҳурият” дар як хабари дигар ин равандро “ниёз надоштани дини мубини Ислом ба ҳизби сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти Тоҷикистон, беманфиатии ин ҳизб барои ҷомеа, хабардор набудан аз узвият, сӯи ҷудоиандозӣ ва халалдорсозии оромию суботи ҷомеа роҳ пеш гирифтани ҳизб” арзёбӣ намуд.

Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит, ду муовини Кабирӣ бо баргузор кардани як нишасти хабариии изтирорӣ аз зиёд шудани фишорҳои бесобиқаи мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохила ва мақомоти иҷроия дар маҳалҳо ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфтанд, зери фишору шиканҷаи ин мақомот аъзо ва масъулини ҲНИТ дар минтақаҳо аз узвияти ҳизб иҷборан даст кашидаанд ва ариза барои ихроҷшавӣ навиштаанд. Вале дар ин нишаст гуфта шуд, тамоми аризаҳои иҷборӣ ва изҳороти зери фишор бар асоси як қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 8 майи соли 2015 асоси юридикӣ надоранд. Ҳамчунин Ҳайит гуфт, барҳам додани бахш ва шӯъбаҳои ҲНИТ дар минтақаҳо ваколати истисноии Шӯрои сиёсӣ мебошад, на бахшҳи ҳизб ва на мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бо ғайрипорлумонӣ шудани ҲНИТ дар интихоботи соли 2015 ва фишорҳои бесобиқа алайҳи он дар ҷомеа нуқтаназарҳое пайдо шуд, ки ҳукумат мехоҳад ҲНИТ-ро бибандад. Вале баъдтар баъзе аз стратегҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба таври ғайрирасмӣ дар баъзе маҳофил изҳор доштанд, мантиқе барои бастани ҲНИТ вуҷуд надорад ва ҳукумати ин иштибоҳи сиёсиро ҳеч вақт содир намекунад. Аммо ба назар мерасад, ҳукумат дорад фазоро месанҷад, ки агар имкон шуд ҲНИТ-ро ҳамин сол мебандад ва агар фазо аз нигоҳи сиёсӣ ва амниятӣ буғранҷ шуд, ба тазъифи ҲНИТ идома медиҳад ва масъалаи буду набуди онро дар референдуми эҳтимолие, ки гуфта мешавад соли 2017 доир мегардад, ворид мекунад.

РАВАНДИ ТАТБИҚИ “ПРОТОКОЛОИ 32-20” МУВАФФАҚ Ё НОМУВАФФАҚ?

Баҳси мақомоти Тоҷикистон бо ҲНИТ пас аз интихоботи порлумонии соли 2010 ба ин сӯ бисёр шиддат гирифт. Раъйеро, ки ин ҳизб бурда буд, ниҳоди баргузоркунандаи интихобот онро комилан эътироф накард. Таваҷҷуҳи ғайримунтазири мардум ба ҲНИТ нигаронии Ҳукумати Тоҷикистонро ба бор овард. Натиҷаи нигаронии ҳукумат протоколи мавсум ба “32-20” буд, ки моҳи феврали соли 2012 аз ҷониби як торнигори русӣ ифшо ва расонаӣ шуд. Вуҷуди ин пртоколро ҳамон замон мақомоти муҳими давлат инкор накарда буданд, фақат гуфтанд, мазмуни ин санад дучори таҳриф шудааст. Баъдан ташкили фавҷ-фавҷи барномаҳои гуногуни телевизюнӣ, ки дар онҳо бештар чеҳраҳои муҳиму обрӯманди ин ҳизб ба истеҳзо кашида мешуданд, қадами дигари ҷиддитари мақомот дар тазъифи ҲНИТ буд. Дар интихоботи президентии соли 2013 вақте ҲНИТ аз шумули шахсиятҳои сиёсии худ номзадеро пешбарӣ накард ҳам аз ҷониби баъзе ҷонибдоронаш ва то ҳатто коршиносон ба як муоимила бо ҳукумат айбдор карда шуд. Баъди интихоботи 2013 то интихоботи 2015 бар асоси баъзе шоеъаҳо бояд ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ канор занонда мешуд. Кабирӣ дар як суҳбаташ гуфта буд, мақомот ба президент ваъда супурда буданд, ки то интихоботи порлумонӣ ин ҳизб комилан маҳор мешавад. Вале чун натавонистанд, дар интихоботи 2015 ба номзадҳои ин ҳизб дар сатҳи интихобот ба маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ бисёр монеагузориҳо шуд. Ҳоло бо раванде, ки ҷараёни тазъифи ҲНИТ идома дорад, баъзе коршиносон мегӯянд, раванди татбиқи “протоколи 32-20” маваффақона аст.

СТАРАТЕГИЯИ САБРИ КАБИРӢ: ПОЁНИ СИМОИ СИЁСИИ Ӯ Ё ЧАРХИШИ СИЁСИИ ТОЗА?

Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва дубора иҷоза додани фаъолиятҳои сиёсии қонунӣ талошҳо барои дар баробари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ёфтани мавқеъ аз ҷониби аҳзоб ва шахсиятҳои алоҳида ба назар мерасид. Хусусан, ташкили Ҷунбиши милии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳокимшо Муҳаббатов, талошҳои Қуввати Султон барои ташкили Ҳизби тараққиёти Тоҷикистон, Ҳикматулло Насриддинов барои таъсиси ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳикматулло Саидов барои номнавис кардани Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов барои ташкили Ҳизби ҷавонони прогресивии Тоҷикистон, Иззат Амон барои таъсиси Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон ва Заид Саидов барои ташкили ҳизби Тоҷикистон нав дар ин росто вуҷуд дошт, ки сарнавишти қисме аз ин шахсиятҳо ва гуруҳҳои ташаббускорашон фоҷиавӣ тамом шуд. Аз тарафи дигар баъзе чеҳраҳои сиёсию ҷангсолор ва олами ҷиноӣ низ акнун мехостанд муборизаҳои худро дар чаҳорчӯби қонун идома бидиҳанд. Аз ин рӯ баъзеи онҳо ошкоро вориди ҳизбҳо шуданд, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров яке аз онҳо буд. Баъзе аз чеҳраҳои олами ҷиноӣ, ки он замон ба сарватҳои ҳангуфте даст ёфта буданд, пуштибонии худро ба таври пинҳонӣ аз баъзе азҳоб роҳ андохтанд. Вале чун дар фазои сиёсии Тоҷикистон дар даҳаи аввали солҳои 2000 хеле аз чеҳраҳое, ки метавонистанд дар сиёсат таъсиргузор шаванд, маҳор шуданд, майдони сиёсӣ чеҳраҳои наверо соҳиб шуд.

Муҳиддин Кабирӣ аз чеҳраҳои сиёсии поёни даҳаи аввали солҳои 2000 мебошад, ки бо дониши дуруст, забондонӣ, хоризмаи роҳбарӣ ва доштани сармояи кофӣ ва ҳамзамон интихоб шуданаш ба унвони раиси қавитарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ӯро ба таври ғайрирасмӣ ба сифати пешвои мухолифин табдил дод. Кабирӣ бо роҳандозии стратегияи сабр дар ҲНИТ дар баробари фишору муборизоти ҳукумат ҳамеша аз сӯйи дигар чеҳраҳои мухолифи ҳукумат ва то ҳатто аз тарафи ҳамҳизбиёнаш мавриди интиқод қарор мегирифт. Вале чун дар интихоботи парлумонии соли 2010 таваҷҷуҳи бисёр ғайриинтизори мардум ба ҲНИТ ба назар расид, Кабирӣ мавриди эътироф қарор гирифт. Агарчи муносибати ҳукумат ба ҲНИТ тағйир кард. Вале дар интихоботи 2013, ки тамоми ҷомеаи озодфикр ва огоҳи Тоҷикистон интизор дошт, ки Кабирӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон номзад мешавад ва аммо нашуд, ҷараёни мардумитар шудани шахсияти сиёсии Кабириро аз раванди хеле бошиддат боз доронд. Кабирӣ дар шарҳи ин тасмими худ гуфта буд, ин иқдом ҳарчанд ки дар кутоҳмуддат бар зарари мост, вале дар дарозмуддат ба нафъи мо бармегардад. Дар ин даврон ҳам бештарини мухолифини Кабириро як чеҳраи сиёсии муомилагар хонда ва гуфтанд, ҷасорат накард, то аз номзадии Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ пуштибонӣ намояд.

Кабирӣ бо ҳузури ду панҷсола дар парлумон ва мавзеъгириҳои мантиқиву боҷурътонааш дар ин шохаи ҳокимият шахсияти сиёсии худро хеле такмил кард ва тақрибан ба як чеҳраи сиёсии ҳамафарогир табдил шуд. Ҳарчанд гуфтугузорҳо дар мавриди шахсияти Кабирӣ ҳархелаанд, вале ҳамоно аз лиҳози тамоми шохисҳои сиёсӣ танҳо аз ӯ ба унвони як раҳиби ҷиддии сиёсӣ дар баробари намояндаи ҳизби ҳоким ном бурда мешавад.

Шахсияти Кабирӣ бештар бар пояи ҲНИТ такмил шуд. ҲНИТ, ки як ҳизби идеологии мутаккӣ бар асосҳои Ислом мебошад ва аҳли эътиқод дар Тоҷикистон ба таври боз ва пинҳонӣ аз ин ҳизб пуштибонӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар танҳо ҳизби динӣ будани ҲНИТ дар минтақа ба обрӯй ва ҳайсияти он афзуд.
Вале акнун аз соли 2004 ба ин сӯ шахсияти Кабирӣ ба чолиш кашонда мешавад. Дар ибтидо талошҳо ин буд Кабирӣ аз нигоҳи иқтисодӣ шикастонда шавад. Бозори Турсунзодаро аз ӯ гирифтанд. Шояд ба дигар тиҷоратҳои ӯ ҳам дастдарозиҳое шуд, вале камтар онҳо расонаӣ шуданд. Акнун мехоҳанд, нуқтаи марказии ҲНИТ-ро бисёр сахт бифишоранд, ки корношоям бигардад.

Кабирӣ тавре мушоҳида мешавад баъди нашри матлаби “Ҷумҳурият” як каме дасту поча гум кардааст. Вақте Заид Саидов аз ташкили ҳизби Тоҷикистони нав дарак доду ба хориҷ сафар кард, дар дохил фишоровариҳо зиёд шуд. Бештаринҳо мегуфтанд, ҳукумат бо ин роҳ мехоҳад, ки Зайд Саидов ба Тоҷикистон барнагрдад ва идеяи ташкили ҳизб ба воқеият табдил наёбад. Зайд Саидов ҳам, ки бо ахлоқ ва шахсияте, ки худ дошт бовар кард, ки метавонад бегуноҳияшро собит кунад. Ҳоло ҳам гуфта мешавад, ки ҳамин сенориё дорад такрор мешавад ва мехоҳанд Кабирӣ ба Тоҷикистон барнагардад. Вале агар Кабирӣ баргардад, ӯро сарнавишти Зайд интизор аст ё?

Вале мо агар ба қазияи Зайд ҳам амиқтар чира шавем, мебинем, онҷо ҳам ҳадаф ин набуда, ки ӯ дар берун бимонад. Дар баҳсу қазияе, ки ҳам атрофи Кабирӣ пайдо шудааст ҳадаф ин нест, ки ӯ дар хориҷ бимонад. Вале масъала ин аст, ки оё бо поён ёфтан ё додани даврони Кабирӣ дар сиёсати бузург ҲНИТ ҳам аз саҳнаи сиёсӣ дур карда мешавад? Шарҳе, ки Кабирӣ дар расонаҳо додааст, дигар паём дорад. Ӯ гуфта, ки “нашри матлаб дар “Ҷумҳурият” ҳушдордиҳанда мебошад, вале замоне, ки мо ин роҳ, яъне сиёсатмадор буданро интихоб кардем, хусусан сиёсатмадори мухолиф будан дар Осиёи Марказиро, ки инҷо фаҳмишҳо, фарҳанг ва дарки хоси худро аз муборизаи сиёсӣ дорад мо бояд барои ҳама чӣ омода бошем. Дар мо, дар Осиёи Миёна бисёр осон аст, ки аз Шумо террорист бисозанд, Номи ҳизби мо кофист, ки ин корро бикунанд”.

Ҳоло Кабирӣ ба Тоҷикистон бармегардад ё не, тасмими худи ӯст, вале дақиқ аст, ки як рӯз не як рӯз бармегардад. Аммо бо чӣ бармегардад, ин ҳам бисёр муҳим аст. Худи ӯ ҳам гуфта, ки “сабри ман хеле тӯлонист, вале пайравони мо чӣ? Барои мо рӯз то рӯз назорати эҳсоси тарафдоронамон мушкилтар аст”. Аммо як чиз дақиқ аст, ки ин марҳила ё оғози як чархиши бисёр куллӣ дар шахсияти сиёсии Кабирист ва ё ҳам поёни даврони ҳузури ӯ дар сиёсати бузург.
Мӯҳр
демократ
Аз М . Искандаров факат чангсолор е кумандон ном бурдан беадолатист. У аз соли 1990 раиси ХДТ дар нохияи Ленин хозира Рудаки буд.

Аз Махмадрузи Искандаров факат хамчун кумандон ном бурдан беадолатист. У хануз аз соли 1990 аъзо ва раиси ХДТ дар н Ленин имруза Рудаки буд. Он ХДТ бо ХХДТ - 2 - и Исмонов ягон алокаманди надорад

Аз Махмадрузи Искандаров факат хамчун кумандон ном бурдан беинсофист. У аз соли 1990 аъзо ва раиси ХДТ дар нохияи Ленин, хозира Рудаки буд. Аммо он ХДТ бо ХХДТ - 2 - и Исмонов ягон алока надорад

М.Кабири, М.Искандаров ва Зайд Саидов хама барои манфиатхои шахсии худ талош доранд, аммо мардуми содда ва зудбовари точик ба гапу кори инхо бовар карда, сиёсаташонро дастгири мекарданд ва мекунанд. М.Кабири агар мард мебуд дар рузи чашни иди Вахдати Милли ба ватан меомад. У дид, ки дар интихобот шикаст хурд дар назди аъзоёнаш шарманда нашавад зуд рохи гурезро пеша кард. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки М.Кабири хангоми зуромад хизб ва аъзоёнашро кидат мекунад. Шумо мардуми содда ва ба доми ХНИТ печида ба гапхои ин ноодам бовар накунед окибат мисли у гуреза мешавед. Шукронаи Точикисони тинчу ором кардан даркор аст. Мо бояд хамакаса барои ободию гуллгулшукуфои ва тинчии Ватан сахми худро гузорем, то ки хоинон ва душманони миллати точик ангушти хайрат бигазанд, на ин ки ба гапи муллохои чодугар ва хочагони хоричи, ки тинчии Точикистонро намехоханд гуш бидихем. Имруз мо медонем, ки дар дунё, алалхусу дар давлатхои мусулмони чи корхо шуда истодааст. Хамаи ин кори давлатхои Гарб хаст ва мехоханд, ки байни ду давлат чанг андозанд ва лавозимотхои чангии худро бифурушанд. Аз хамин ХНИТ будан барои мо точикон хеч фоидае нест, чунки сабаби хама бадбахтихо ва чудоихои модар ва духтари точик аз дасти ХНИТ аст. Чунки ХНИТ бисёре аз чавонони моро рахгумзада кард ва барои Чиход омода кард, лекин барои баъзехо ин гап писанд намеояд. Шумо худ як бор нишаста дуруст фикр кунед ва баъд мефахмед, ки ХНИТ барои мардуми точик фоида дорад ё зиён?

MAHMUDJON
Иршод СУЛАЙМОНӢ behtarin nuktahoro matrah kardai. Hudovand nigohboni shumo boshad.
Yagona adolat parvar va milatdust dar siyosaty imruza in Kabiri ast, vale 100 afsus, ki kadri on kasro namedonand. Hudovand nigahbonashon boshad va muvafakash bigardonad. Omin

Офарин ИРШОДИ ЧУН !!!!! Яъне Шумо ба Чаноби КАБИРИ гуфтаниед, ки: "аввал бубин чои худ, баъд бумон пои худ" , то ки монанди Зоиров Рахматилло аз "ошёнаи 3-юм" наафти ё монанди Зайд Саидов аз "бисёрошёнаи сиёсат" афтида "якумр" пушаймон НАГАРДИ-а !!!!!

р
Ин окибати сиесати ТАХАММУЛ аст. Сиесат чои тарсончакхо нест. Аккалан як бор гуфти русхо зубы показать мекарди, хурматат мекарданд. Лекин мисли муттахам тахаммул карда гашти ва ба хамин руз гирифтор шуди.

салимбой
Офарин Иршоди чун!! Сад фоизак нахсати буданат равшан шуд! Ту аз мои барои Хамин бисер босаводона тахлил намудаи!!! Лекин холо хам хастанд касоне ки ба ислом эътикоди сахт доранд вале нахсати нестанд инчояшро нодурустак навистаед!!! Ана хаминчаша дар назар дорам: "аҳли эътиқод дар Тоҷикистон ба таври боз ва пинҳонӣ аз ин ҳизб пуштибонӣ мекунанд"!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)