Зоиров дар бораи камнамоию афтиданаш аз ошёнаи 3-ум

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи тағйир ёфтани мавқеи сиёсии худро такзиб карда, далели камнамоияшро шарҳ дод.
Ӯ, рӯзи 28 июн дар саҳифаи Фейсбукии худ навишт, “овозаҳое, ки гӯиё ба Зоиров фишори сахт овардаанду мавқеи сиёсии худро тағйир додааст, асос надоранд”. Раиси ҲСДТ таъкид кардааст, ки ҳар чанд дили ӯ қисман аз “нопокӣ”-и сиёсати имрузаи Точикистон сард аст, вале мавқеи ӯ тағйир нахоҳад ёфт.
Ба гуфтаи Зоиров, ҳоло низ баъзе фишорҳои “бавосита” алайҳи ӯ идома дорад: “Фишороварӣ нисбати ман ошкоро нест, яъне бевосита нест, балки бавосита. Ба аъзои ҲСДТ ва одамҳое, ки дар атрофи ман ҳастанд, фишор меоранд, то аз ҳамкорӣ Зойиров даст кашанд”.
Раҳматилло Зоиров дар мавриди ангезаи сиёсӣ доштани афтидани ӯ аз ошёнаи сеюм ба замин афзудааст, ки ин ҳодиса ягон характери сиёсӣ надорад ва дар пайи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст: “2 рӯз пеш аз ошёнаи сеюми як бинои сохтмонӣ ба замин афтодам ва дар пайи он қафаси сина ва шуши ман деформатсияи ҷиддӣ гирифтаанд,паҳлуи ростам ва пои ростам ҷароҳат бардоштааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |