АКС: Истиқболи гарм аз футболбозони навраси тоҷик баъд аз “хиёнат”-и довари қазоқ

Тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, ки бо ноҳақии довари майдон бозии охирини марҳилаи гурӯҳии 8-умин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистонро ба манфиати рақибонашон аз ин кишвар бохтанд, ба Ватан баргаштанд.
Ин варзишгарони ҷавони тоҷикро субҳи имрӯз 28 июн дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе даҳҳо нафар аз сокинони кишвар пешвоз гирифтанд.
Ин сабқати футболбозони ҷавони тоҷик бо тими миллии наврасони то 16-солаи Қазоқистон, ки 25 июн дар пойтахти ин кишвар -- шаҳри Остона доир шуд, бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голи нахустинро дар дақиқаи 26-уми бозӣ Рамз Амрохонов, бозингари тими миллии Тоҷикистон ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. Ду голи ҷониби Қазоқистонро бошад дар дақиқаҳои иловагӣ бозингарон-Бортай дар дақиқаи 40+2 ва Таласбоев дар дақиқаи 80+7 ба ҳадаф расонданд.
Тими Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, баъди ин бохт аз тими мизбонон бо ноҳаққии довар, аз идомаи рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон ва мукофоти молӣ маҳрум гашт. Анваршо Мирзоев роҳбари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) сабаби бохти тимашро ба хатоии доварон рабт дода гуфт: “Тими наврасони кишвар то охирин лаҳза рақобат карданд. Онҳо ҳамаи он дастуре, ки мураббӣ дода буд, иҷро карданд. Мутаассифона дар охир бо хатогии довар мо бозиро бохтем”.
Федератсия футболи Тоҷикистон низ гуфт, Тоҷикистон дар пайи иштибоҳи довар-Ҳалимҷон Кенҷалинов бозиро бо Қазоқистон бохт: “Тӯби ёздаҳметрие, ки дар дақиқаҳои охири даври дуюми бозӣ аз ҷониби довар беасос бар тими Қазоқистон дода шуд, боиси тағйири натиҷаҳо гашт. Ин хатоии довари майдон баҳсҳои зиёдеро миёни мутахассисони футбол ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард”.
Расонаҳои маъруфи Қазоқистон дар умури варзиш ғолибияти тими миллиашонро бар Тоҷикистон “позорная победа” унвон карда, зарбаи 11 метрии таъинкардаи доварро беасос хонданд.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Қазоқистон бо судури як қарор довар Галимжан Кенжалиновро аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда, сармурабии испании тими Қазоқистон - Карлос Марторелл низ барои ин қарори довар аз тими Тоҷикистон узр хост.


Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |