Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба шайх ас-Сабоҳу Ас-Себсӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони амири Кувайт, шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ дар ин кишвар, ки 27 кушта бар ҷой гузошт, ҳамдардӣ баён кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “Волоҳазрат, бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки муҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳамла ба амали террористии ғайриинсонӣ буда, Тоҷикистон омодааст, барои мубориза бо ин гуна аъмоли зишти ҷинояткорон, ки ҳеч гуна далел наметавонад, ҳақ будани онҳоро собит кунад, ҳамкориҳои густардаеро бо Кувайт ба роҳ монад: “Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ ба Волоҳазрат хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони қурбониён бирасонанд, ки онҳоро Худованд сабри ҷамил ато фармояд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.
Дар ҳамлаи террористии рӯзи 26 июн ба яке аз масоҷиди Кувайт ҳангоми адои намози ҷумъа 27 нафар ба ҳалокат расида, 200 тани дигар захм бардоштанд. Баъд аз чанд лаҳзаи ин ҳамла созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифта, гуфт, яке аз ҷангҷӯёни он, ки дар тан камарбанди интиҳорӣ дошт, онро анҷом додааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 26 июн ба яке аз меҳмонсароҳои соҳили баҳр дар шаҳри Суси Тунис низ ҳамлаи интиҳорӣ аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ сурат гирифт. Дар пайи ин ҳамла 39 тан аз сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи дигар ба унвони ҳамтои тунисиаш -Баджи Қаид Ас-Себсӣ ҳамдардӣ баён кардааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтаат, хабари кушташудани даҳҳои сайёҳ дар Тунис ӯро сахт андуҳгин карда, “Тоҷикистон омодааст, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |