ДИИШ: Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ дар ҳамлаи интиҳорие ҷон дод (АКС)
Созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ аз ҳалокати як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи интиҳорие хабар додааст.
Ин созмон бо нашри як навори видеоӣ хабар дода, ки Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 26 июн ҳангоми иҷрои ҳамлаи террористие дар шаҳри Тел Абязи Сурия ба ҳалокат расидааст.
Ба қавли пайравони ин созмони террористӣ, гӯиё Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ мошинеро, ки маводи тарканда доштааст, ба самти таҷаммуи гуруҳҳои курд ронда, тарконидааст.
Тавре дар ин навори пахшнамудаи ДИИШ низ мушоҳида мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ муаррифӣ шуда, баъд аз чанд лаҳзаи суханронӣ бо забони тоҷикӣ савори як мошини боркаш мешаваду самте ҳаракат мекунад ва баъд аз назар гум шудани ин мошин садои таркише шунида мешавад.
Тел Абяз яке аз минтақаҳои шаҳри Раққаҳи Сурия ба шумор рафта, ҳаммарз бо Туркия мебошад. Сокинони он арабу курд мебошанд.
Бори аввал нест, ки ин созмони террористӣ аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ хабар медиҳад. қаблан, расонаҳои ироқӣ навишта буданд, ки ДИИШ бо нашри баёнияе масъулияти ҳамлаи террористиеро дар шарқи Ироқ, ки 14 кушта бар ҷой гузошт, бар уҳда гирифта, гуфтааст, иҷрогари ин ҳамлаи маргталабона ҷангҷӯе аз Тоҷикистон - Абуалӣ ат-Тоҷикӣ буд: “Бародари мо - Абуалӣ ат-Тоҷикӣ мошини худро, ки маводи тарканда дошт, самти таҷаммӯи аъзои қабилаи Надо ронда, тарконид”.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло дар низоъҳои шадиди “ҷиҳодӣ ва мазҳабӣ” ба ҳайати созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ", "зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳгаштаи Тоҷикистон шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил дода, бархе аз онҳо ҳамро бо худ ҳамсару фарзандонашонро низ бурдаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфт, то имрӯз зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд: “Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷўёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шудааст. Инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷўёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудаанд”.
Ин дар ҳолест, ки домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии худ ибрози нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир ҷавонони тоҷик ҷиҳод гӯён роҳ сӯи ҷангҳое мегиранд, ки дар он мусалмон мусалмон мекушад. Ин руҳони тоҷик бо овардани иқтибос аз суханони паёмбари Ислом (с) афзуд, аз ҷиҳод дида, хидмати падару модар беҳтар аст, вале ҳоло ҷавонони тоҷик ин амалро гузошта, пинҳонӣ аз волидайни худ барои “ҷиҳод” озими кишварҳои хориҷ мешаванд: “Имрӯз дар он кишварҳо мусалмон бо мусалмон даст ба гиребон аст. Мусалмон ба мусалмон оташ мекушояд. Аз ин ҷониб Аллоҳу Акбар мегӯяду ба ҷониби дигар, ки он ҳам Аллоҳу Акбар мегӯяд, тир мекушояд. Оё Худованд аз мову шумо розӣ мешавад, вақте мусалмонро мекушем? Мусалмон ба хотири адои фарзи Худованд ба масҷид меояд, тарконида ва кушта мешавад ва аз сӯи дигар, ҷавонони мо аз волидайни худ нопурсида, зану фарзандони худро канор мегузоранду ҷиҳод мераванд. Масъулияти худ, таъмини нафақаи зану фарзанд ва падару модарро партофта, ҷиҳод мераванд. Ин амалест, ки дар ягон сурат дуруст нест. Дар ривояте омадааст, ки агар инсон тамоми ибодати бани одамро кунаду падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Худо аз ӯ безор аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |