Маҳрумшавии “Ҳамдастӣ”-ю “Молия ва Сармоя” аз иҷрои амалиётҳои бонкӣ
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули як қарор ташкилотҳои амонатии қарзии хурд “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя”-ро аз ҳуқуқи иҷрои амалиётҳои бонкӣ муваққатан маҳрум кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ин қарор рӯзи 25 июни соли равон дар пайи риоя нагардидани талаботҳои қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин ниҳод аз сӯи ташкилотҳои амонатии қарзии хурд “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” қабул шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои мазкур ҳуқуқи иҷрои амалиётҳои ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин) ба муҳлати 1 сол манъ кардааст.
Инчунин бар асоси қарори мазкур ташкилотҳои “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” барои беҳтар кардани ҳолати молиявии ҷамъият, иҷрои уҳдадории хеш дар назди амонатгузорон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз баъд аз қабули қарор муваззаф шуда, бояд нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва ба Бонки миллии кишвар пешниҳод намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |