"Кока-кола" дар Тоҷикистон фаъолиятро шуруъ мекунад

Бахшида ба ҷашни 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корхонаи истеҳсоли “Кока-кола” дар шаҳри Душанбе фаъолиятро оғоз хоҳад кард.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, маросими ифтитоҳи ин корхона бо ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдорӣ пойтахт шоми 26 июн баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсоли ин корхона 100 миллион литр нӯшокӣ дар як сол мебошаду он бар ивази 299 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 18 ҳазору 500 метри мураббаъ дар кӯчаи Ҷомии пойтахт бунёд шуда, 120 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аснои нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли Кока-кола дар пойтахти кишвар дар ахирҳои охирҳои соли 2015 хабар дода буд.
Ӯ гуфт, корхонаи мазкур дар мавзеи мавсум ба Политехникуми шаҳри Душанбе дар ҷои собиқ заводи арматура бунёд хоҳад шуду сохтмони корхона дар ду марҳила ҷараён мегирад: “Марҳилаи аввал бо ҷалби 20 миллион доллар ва марҳилаи дуюм бо ҷалби 30 миллион доллар анҷом шуда, дар марҳилаи аввал 200 ҷои корӣ ва дар марҳилаи дуюм ташкил шудани то 500 ҷои корӣ дар назар аст”.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ин корхона метавонад дар давоми фаъолияти худ ба буҷаи кишвар то 15 миллион сомонӣ фоида биёрад: “Истеҳсоли солонаи он 5 миллион литр нушокии ғайриспиртӣ мебошад”. Қодири Қосим он замон таъкид карда буд, “бунёди корхонаи Кока-кола, ки яке аз брендҳои машҳури ҷаҳон аст, обрӯву нуфузи Тоҷикистонро барои ҷалби сармоя бештар хоҳад кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |