Писари Нурӣ: Ҳанӯз барои ҳифзи Ваҳдат ва сулҳ имконият вуҷуд дорад!

Ваҳдатӣ миллӣ ва суботи саросариро барои тамомӣ мардуми азизи Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, аз даргоҳи Худованд (ҷ) тавфиқ, сарбаландӣ ва пешрафту комёбиро дар рӯзгорашон таманно дорам.
18 сол қабл миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) таҳти роҳбарии Устод Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ, раҳбари фақиди ИНОТ ва президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон созишномаи “Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид, ки дар ҳаёту зиндагии мардум ва пешрафту шукуфоии давлати тоҷикон гардиши куллиро ба вуҷуд овард.
Тӯли ин солҳо бо кушиш ва талошу заҳамоти зиёди ҳукумат ва давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом шуд ва корҳои шоистае дорад анҷом мешавад.
Эътироф бояд кард, ки маҳз имзои санади зикршуда сабаби оромӣ, субот ва пешрафт дар кишвар гардид ва имконият фароҳам овард мо дар заминаҳои мухталиф рушд намоем. Албата, ҳоло низ мушкилиҳои ҳалношуда зиёданд, ки бо идома пайдо кардани сулҳу ваҳдат бартараф хоҳанд шуд.
Ҷанбаи асосии ин созиш дар он буд, ки фарзандони ин миллат зери чатри як давлат бо номи Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ҳар яке бо идеяву ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, дидгоҳи мухталиф ба масоил, кору зиндагӣ карда, дар пешрафти кишвар ва ҷомеадорӣ саҳми худро мегузоранд. Ҳарду тарафи сулҳ бар он буданд, ки бо ташкили аҳзоби мухталиф, интихоботи шаффоф ва озод, иштирок дар низоми давлатдорӣ бо роҳҳои осоишта шаҳрвандон тавонанд, хостаҳои худро бароварда бисозанд. Умедворам, ин арзишҳо эҳё хоҳанд шуд.
Мутаасифона вақтҳои ахир шоҳиди нобоварӣ, нигаронӣ, ҳолати номуайян ва норизоии ду ҷониб мешавем. Феълан, ҷаҳони имрӯз ва давру бари мо низ як ҳолати ваҳим ва буҳрониро паси сар мекунад, ки касе дақиқ гуфта наметавонад, фардо чӣ ҳодисаи даҳшатборе рух медиҳад?
Банда ба ин назарам, ки ҳанӯз ҳам аз ҳарду тараф шахсони бохирад ва огоҳ аз масъала вуҷуд доранд. Агар буҳрону мушкиле вуҷуд дорад, рӯбарӯи ҳам бишинанд ва аз тариқи муколамаи солим, масоилро ҳал бикунанд. Ба ҷомеа бифаҳмонанд, ки чаро чунин буҳрони бемантиқе ба вуҷуд омадаст?
ҲНИТ, яке аз муҳраҳои асосии ин сулҳ имрӯзҳо ҳолати бисёр мушкил ва тоқатфарсоеро паси сар мекунад, ки ба ҳамагон маълум аст. Агар ин мушкил давом биёбад шояд гуруҳу ашхосе пайдо шаванд, ки ҳолатро дар оянда ба нафъи худ истифода намуда, дубора пардаи ин сулҳро бидаронанд. Он вақт дигар на аз муколама гапе ҳасту на аз оромиву Ваҳдат.
Марҳум, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то охир бо сулҳи кардаашон пойбанд буданд ва мактабашон -- ҲНИТ то имрӯз дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар фаъолият менамояд ва тамоми талошаш барои нигаҳдории сулҳу ваҳдат аст.
Бо таваҷуҳ ба ин масъала, умедворам, Президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ва кабинааш ин ҳолатро дарк хоҳанд кард ва аз паёмадҳои он хулосаҳои даркорӣ хоҳанд баровард.
Мо ба унвони як модели олӣ ва тарҳи беназир ин сулҳи худро дар ҷаҳон муарифӣ кардем. Имрӯз давлатҳо ва гуруҳҳое, ки дар муноқишаву мубориза дар саросари ҷаҳон қарор доранд, оқибат ва пайёмадҳои ин сулҳро меомӯзанд ва мебинанд, ки ин тарҳ то куҷо мувафақ будааст. Мо набояд, коре кунем, ки Ваҳдати мо на дар дохил ва на дар хориҷ беарзиш муаррифӣ нашавад.
Ҳарфҳои дар боло зикрёфта имрӯзҳо ба такрор аз ҷониби қишрҳои огоҳи ҷомеа гуфта мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки мо барои ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳанӯз фурсат дорем. Ва бояд ақлҳои солим аз ин фурсат истифода намоянд, вагарна ин ҳама дастовардҳое, ки ҳосили ҳамон сулҳи муборак аст, ба осонӣ аз даст хоҳем дод!
Худованд мардуми сарбаланди Тоҷикистонро аз тамоми офатҳову нохушиҳо нигаҳбон ва сулҳу ваҳдаташонро доимӣ ва сарзаминашонро ободу зебо бигардонад!
Муҳммадҷони НУРӢ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |