Конгреси Амрико мехоҳад зидди “фасодкорон”-и Осиёи Марказӣ таҳрим ҷорӣ шавад
Комиссияи Конгреси Амрико оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 25-уми июн бо баргузории як нишаст, пешниҳод кардааст, ки алайҳи мансабдорони алоҳидаи Осиёи Марказӣ таҳримҳо ҷорӣ шаванд.
Ин комиссия бозбинии сиёсати Амрико нисбати кишварҳои Осиёи Марказиро баъди соли 2014 баррасӣ карда, таъкид намудааст, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар минтақа нигаронкунанда мебошад. Дар ин нишаст махсусан вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Узбакистон таъкид шуда, зикр шудааст, ки Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон низ аз ҷумлаи кишварҳои авторитарӣ мебошанд: “Дар ин кишварҳо озодии баён, озодии динӣ ва иттиҳодияҳо маҳдуд шуда, ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон риоя намегарданд”.
Ба ин тартиб Комиссияи ҳуқуқи башари Конгреси Амрико пешниҳод кардааст, ки нисбати давлатмардони фасодзадаи минтақа ва афроде, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳримҳо роҳандозӣ шаванд.
Тасмими рӯи даст гирифтани таҳрим алайҳи мансабдорони алоҳидаи Осиёи Марказӣ ва авторитарӣ унвон кардани Тоҷикистон дар ҳолест, ки Созмони “Freedom House” ё Хонаи Озодӣ низ бо нашри як гузориши ҷадид Тоҷикистонро авторитарӣ хонд. Аммо, ин созмон гуфтааст, ки бо вуҷуди ақибравии равандҳои демократӣ тайи 4 соли охир дар Тоҷикистон, ин кишвар ҳанӯз ҳам аз нигоҳи демократӣ аз Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон пешсаф аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |