Бахшҳо
26 июн 2015 11:09Тоҷикистон / Сиёсат

Баъди интиқоди Президент: Р.Эмомалӣ 56 мансабдорро аз кор озод кард

Дар пайи аттестатсияи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъини ин ниҳод роҳандозӣ кардааст, 56 масъули Агентӣ аз кор озод шудаанд.

Тибқи иттилои Агентии зидди фасод аттестатсия аз ҷониби роҳбарияти нав баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрии раҳбари пешини ин ниҳод роҳандозӣ шуд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси супоришҳои президент, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баён гардидаанд, роҳбарияти Агентӣ бо ташкили ду комиссияи салоҳиятнок ва ҷалби мутахассисон аз Дастгоҳи иҷроияи президент, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кормандонашро мавриди санҷиш қарор дод: “Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи аттестатсияи мазкур дар он буд, ки ҳангоми гузаронидани аттестатсия воситаҳои аёнӣ истифода мешуданд. Баромади ҳар як аттестатсияшаванда ба навор гирифта шуда, малакаи кории онҳо бо компютер амалан мавриди санҷиш қарор мегирифт”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, аттестатсия 79 хизматчии давлатии соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва 309 корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро фаро гирифт: “Мувофиқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ 16 хизматчии давлатии самти назорати давлатии молиявӣ ва 40 корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуда, аз мансабҳои ишғолкарда озод ва аз мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд”.

Оҷонсии зидди фасод таъкид мекунад, ки минбаъд низ тамоми чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ андешида хоҳанд шуд. Ин аттестатсия дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон аз сиёсати кадрӣ ва зуд-зуд иваз шудани масъулини ин ниҳод интиқод намуда, таъкид кард, ки ба интихоби кормандони болаёқат таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа аз коргарони ин ниҳод шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд: “Ман медонам, инҳо ба чӣ кор машғуланд. Он қадар шумораатон зиёд нест. Агар ҳамин стили кориятон бошад, ин сохторро барҳам медиҳам. Қисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эҷод карда истодаед. Вақте корманди Агентии зидди коррупсия худ даст ба коррупсия мезанад, ин чӣ гуна сохтор асту чӣ гуна методи қабули кормандон аст?”
Мӯҳр
Мухтарам Рустам мобайни хешу табори худатон кай аттесация мегузаронед. 56 нафаро аз як кор гирифта ба кори дигар мегузарнанд и боз корупсия инчо дуздиди боз бирав дар дигар вазифа бидузд гуфтаи урусхо когда справедливост наступить и порядок в стране буд
ет

Адин.пожалуйста не остонавливайте наши коментарии это все мнение народа

кулябец
Ман хайронам Чаноб дар хама баромадхояш ,, ман медонам чи гап "- мегуяд. 23 сол медонад ,,чи гап хаст " , аммо ягон амали конкрети нест! Факат чоиивазкунии кадрхо , Али дар чои Вали ё баръакс. Хама бесаводхо як санчида мебинанд худро дар вазифа. Ягон чавони босавод бо акидаи нав нест. Хама магзхои фартут ё чавонони писарони мансабдор сохиби вазифа мешаванд.

6421
Агар донед баро чи ягон нафар ба чавобгари кашида нашуд!!!!!!!

Салмон
Точ,икистонро Коррупсияи тирреша ба чунин вазъияти имруза овард. Рустам , агар дар вуч,удат хуни марди ва гурури милли бошад, онх,оро на ин,ки аз кор озод куни бал,ки х,ар яки онх,оро бо мусодираи молу мулк 25 сол мах,бус кун. Ах,сан бар ту ! Ман доимо барои чунин амали некат , ки барои рушди давлатдории точ,икон ва миллати точ,ик аст , тарафдор ва дастгири ту х,астам. Танх,о ч,авонони бо нангу номус Точ,икистонро обод мекунанд . Сахттар бигир !!!

Худодод
Офарин, Рустам.Кадрхои чавону болёкатро чалб намо, Худо мададгорат бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)