Бахшҳо

Президент дар арафаи "Ваҳдат": Аз "хиёнат"-и ДИИШ-у зиракӣ дар интернет то омодабоши қудратиҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июн ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз гаравидани ҷавонони тоҷик ба созмони террористии “Давлати Исломӣ” интиқод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ изҳор дошта, мувофиқи маълумот ҳоло дар низоъҳои шадиди ҷиҳодӣ ва мазҳабӣ ба ҳайати созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ", "зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳгаштаи Тоҷикистон, аз ҷумла чандин нафарашон якҷо бо ҳамсару фарзандон", шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил медиҳанд.

18 донишҷӯи тоҷик дар сафи ДИИШ


Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, то имрӯз зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд: “Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷўёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шудааст. Инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷўёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудаанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афродеро, ки ба ҷангҳои хориҷии кишвар пайвастаанд, хиёнаткор хондааст: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафия хиёнат кардаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон муътақид аст, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба чунин созмонҳо орзуи дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан мебошад: "Ё худ ба шиорҳои бардурӯғе, ки фақат дар ин набардҳо «дарёфт кардани адолат имкон дорад», фирефта мешаванд. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд. Дар робита ба ин, бори дигар ҷавононро ҳушдор доданиям, ки фарзандони азиз, бе заҳмат кашидан кас ба осонӣ соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад. Бинобар ин, фирефтаи гирифтори доми тазвири таблиғотчиёни манфиатҷӯй нагардед. Дар як мақоли халқиамон омадааст, ки “Ганҷ бе ранҷ муяссар намегардад”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуда, дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад, “хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурўҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри аҳамияти Ваҳдати миллӣ афзудааст, ки маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем: “Бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад”.

Рӯзҳои Сурияро мо ҳам пасисар кардем

Эмомалӣ Раҳмон вазъи гурезаҳои Сурияро, ки барои наҷоти ҷони худ ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Туркия фирор мекунанд, мисол оварда, хотиррасон кардааст, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд: “Шумо, ҷавонон, бояд он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиаборро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш насозед”.

Муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ва мазҳаби дигар нестем!


Раисиҷумҳур афзудааст, ки дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад: “Зеро имрӯз аксари гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини ислом сӯиистифода карда, миёни мазҳабҳои он низоъҳои нангинро ташкил карда истодаанд, ки ин раванд, бешубҳа, сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад. Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем. Мо мазҳаби таҳаммулгарои худ – ҳанафия ва пири мазҳабамон – Имоми Аъзамро дорем, ки чанд сол пеш бузургдошти 1310 – солагии ӯро дар сатҳи баланд таҷлил кардем”.

“Давлати исломӣ” нақшаи абарқудратҳоро амалӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намуд, ки Қуръони маҷид муъминро муқобили муъмин қарор надодааст, баръакс онҳоро ба ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сабру таҳаммул даъват менамояд: “Аммо дар шароити кунунӣ ҳаракату ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ мазмуни оятҳои қуръониро ба тарзи худ маънидод карда, нифоқу низоъро миёни пайравони ислом вусъат додаанд ва дар як қатор кишварҳои мусулмонӣ ҷангҳои харобиоварро шурӯъ кардаанд. Худатон шоҳид ҳастед, ки аъмоли фоҷиабори ҳаракатҳои зикршуда, аз ҷумла созмони террористии ба ном Давлати исломиро дар олами мутамаддин касе дастгирӣ намекунад, баръакс ваҳшонияти асримиёнагии онҳоро ҳама маҳкум мекунанд”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон хотиррасон намудааст, ки давлати исломӣ бо дини мубини ислом ягон робита надорад, баръакс нақшаву нияти қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.

Даъват ба зиракӣ ҳангоми истифодаи иттилооти интернет

Эмомалӣ Раҳмон афсарони тоҷикро низ ба зиракӣ даъват намуда, дар хитоб ба ҷавонон илова кардааст, ки низоъҳои имрӯза бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ паҳн шуда, боиси шиддат гирифтани бархӯрдҳои фоҷиабор дар ҷаҳон гардида истодаанд: “Ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед”.

Нисбати бегонапарастӣ фориғболӣ накунед!


Раисиҷумҳур дар мулоқот бори дигар ба масоили бегонапарастӣ дахл карда, мояи нигаронӣ хондааст, ки вақтҳои охир паҳншавии фарҳанги бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои маҳаллӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ин масъала фориғболӣ зоҳир менамоянд: “Ман дар вохӯрӣ бо занони мамлакат дар Рӯзи модарон таъкид карда будам, ки “агар хоҳанд, ки кишвареро аз байн баранд, аввал забону фарҳанги онро нобуд месозанд. Ин масъала бисёр ҷиддист ва фориғболӣ кардану нодида гирифтани он ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Бинобар ин, бори дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, зиёдаравӣ ва решакан кардани хурофот ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонанд”.

Мақомоти қудратӣ дар ҳолати омодабош

Раисиҷумҳур аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ хостааст, дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои таҳти нуфузи худ қарор додани минтақаҳо ва кишварҳои сайёра, яъне шиддат гирифтани тақсимоти ҷаҳон, инчунин соҳиб шудан ба захираҳои энергетикӣ ва вобаста ба ин, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошанд: Аз ин лиҳоз, ба тамоми роҳбарони мақомоти қудратӣ ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъ бори дигар муроҷиат менамоям, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, Ватани маҳбубамонро ҳифз намоянд ва номи пуршарафи ҳомии Ватанро боз ҳам баланд бардоранд. Ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонони мо бояд донанд, ки бе донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба қонун ва гузашта аз ин, бечуну чаро иҷро кардани онҳо, яъне таъмини волоияти қонун мо ҳеҷ вақт мушкилотеро, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ҳал карда наметавонем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар ниҳоят таъкид намудааст, ки Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Мӯҳр
Xudovand xalki Tojikro az DIISH nigoh dor!!

Президенти кишвар дуруст гуфтааст! Бояд сари рохи гаравидани чавонон ба сафи гурухои террористи гирифта шавад. Ин сагхо моро ба нести мебаранд! Ягонхел давлати Исломи нест ! Ин хама фикру бозихои геополитикии абаркудратхо мебошад!

мардикор
о чаноб дилатонки ба точикистон сузад чаро ба хитой заминхои моро додед

НАХЗАТИ
Аз кадом вахдат мегуи сулхро амниятихо чикоркарда истодиан ХНИТ магар як тарафи сулх нест ки инкадар амниятихо болои мо фишор оварда вазиятро безебкардаистодиан ДИГАР БА СУЛХУ ВАХДАТ БОВАРИ НАМОНД

Эмомалӣ Раҳмон афзуда, дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад, Шумо бояд Хешу табори худро як тараф кунед Ин хел зиндаги не ба Худо ва не ба Банда хуш хаст.

Аминистрация не будте Вы марионетками какогото государства оставте коментарии как есть.

Шахрванд
Суханхои хуб гуфтед чаноби оли ахсан.

Паёбарамон Мухаммад с.а.с фармудааст, ки Одамизод кадри ду чизро дер дарк менамояд, Яке "САЛОМАТИ" дигаре "ТЕНЧИВУ ОРОМИ". Агар халки Точик боз хамон хатогии солхои пешинро рох дихад, дигар номи Точик ва ин хел тенчии кишварро дар хобаш мебинад. Ин камбудихое, ки холо хаст ислох кардан мумкин аст. Аммо аз сари нав обод кардан душвор аст. Холо душманхое хастанд, ки мехоханд мо нотенчиро огоз кунем ва онхо аз фурсад истифода бурда моро пора карда сохиби сарзамин мегарданд. Боки Худованд тавфик дихад ба Шумо халки точик!!!

Ватандуст
НАХЗАТИ, Как будто ки заминхои мондагиша пурра истифода бурдестен дигар замин намондай дар Точикистон Давлат хеч чизро бе ягон сабаб намекна. кадри ин сулху субота донед э мардум Худо накунад ки ягон нотенчи швад ба д мебинамтон чи хел дума хода мекнен Шумо шурандозон боз азоб дар сари халки бечора. Илохо худат кодиру тавонои душманои миллати точикро сарнагун гардон ва ин басиришконро ба ниятхои нопоки худ нарасон ОМИН!

Донишчу
Дар он холат чаро фарзандони мансабдорон бе ягон мехнату захмат сохиби молу мошинхои киматбахо ва хонахои бошукух мегарданд ва сохиби вазифахои "равгани" хам мешаванд. Барои чи аз мансабдорон пурсида намешавад,ки ин кадар маблагу мошинхои киматбахо ва касрхои дабдабанокро аз кучо овардаанд ва то кай мардуми худро горат мекунанд.

Ба НАХЗАТИ! Агар Шумо ба Худо наздик ва дилу нияти нек медоштед Худованд имруз Шуморо сохиби кудрат дар Точикистон менамуд. Аммо, чуноне, ки аз суханхоятон маълум аст, Шумо ба чуз аз фитна, хуни нохак ва бадбахти ба сари миллати Точик чизе намехохед. Эмомали Рахмон ба хости Худо рохбари давлат таъин шудааст ва ба хости Худованд аз мансаб хохад рафт (Иншооллох бо сари баланд).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)