Тсарнаеви 21-сола ба эъдом маҳкум шуд

Ҷавҳар Тсарнаеви 21-сола, ки дар таркиши Бостони Амрико гунаҳкор дониста мешуд, ҳукми ниҳоии додгоҳ алайҳи ӯ содир гардидааст.
Ба иттилои рӯзномаи Boston Globe, Ҷавҳар Тсарнаев ба эъдом маҳкум шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳайати мунсифонаи додгоҳи федеролии Бостон рӯзи 15 майи соли равон раъйи худро барои эъдоми омили таркиши марафони ин иёлат содир карда буд.
Ҷавҳар Тсарнаев, шаҳрванди чеченитабори Амрико, ки дар Қирғизистон ба дунё омада, ҳамроҳ бо волидонаш ба ИМА муҳоҷират кардааст, дар таркиши марафони Бостони Амрико дар апрели 2013 айбдор мешуд, ки 3 кушта ва 264 нафар захмӣ бар ҷой гузошт. Бино ба хабарҳо, ӯ ва бародараш Темирлан Тсарнаев дар ҷараёни марафон бомбаи дастисохтро мунфаҷир кардаанд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошт аз тири як корманди пулис ба ҳалокат расида буд.
Дар ҷаласаи додгоҳӣ муовини додситон Элок Чакраварти гуфтааст, айбдоршаванда таркишро бо мақсади тарсондани Амрико анҷом додааст. Ба гуфтаи ин додситон амали бародарон Тсарнаевҳо қасос барои марги мусалмонҳо дар замони муҳорибаҳои низомӣ будааст ва “онҳо худро сарбоз тасаввур мекардаанд”. Чакраварти гуфтааст, бародарон ҳарду гунаҳкоранд ва аввалӣ як бомб ва дигарӣ бомби дувумиро гузоштаанд.
Вакили мудофеъ гуфтааст, Ҷавҳар бо ин ки як ноболиғ буд, зери таъсири равонии ҳисиёти ифротгароёнаи бародараш қарор гирифтааст. Вакил Джуди Клорк гуфтааст, агар Темирлан намебуд, ин таркиш ҳам рух намедод. Расонаҳо навиштаанд, ҳимоятгар барои он ҳузури Ҷавҳарро дар таркиш иқрор кардааст, ки зерҳимояаш ҳукуми қатл нагирад ва ба ҳабси абад маҳкум шавад. Зеро додситон талош дорад, ки ҳукми қатл татбиқ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |