Чоршанбе, 2 Апрел 2025
ВИДЕО: Баддаҳонии ҷавонон, мушкили фарзандон, бепулӣ... Шуморо чӣ нороҳат мекунад?

Бадахлоқии ҷавонон, мушкили сахти зиндагӣ, бетарафии одамон ва вазъи сиёсии ҷаҳон аз омилҳое буда, ки сабаби нороҳатии бештари сокинон ва меҳмонони Душанбе мешудааст.
Хабарнигори “Озодагон” бо мақсади муайян кардани омилҳои нороҳатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе қадам зад ва аз роҳгузарон пурсид, аз чӣ нороҳат мешаванд? Ҷавоб ба ин суол якранг набуд. Яке аз пурсидашудаҳо гуфт, ҳамон вақт нороҳат мешавад, ки агар тарозуи адолат нисбат ба ӯ, пайвандонаш ва кулли одамон вайрон шавад: “Инчунин вақте дар телевизион мебинам, ки дар фалон ҷо фалон одамро куштаанд, нороҳат мешавам”.
Норасоии маблағ сабаби нороҳатии як сокини Душанбе будааст. Аммо ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, аз баддаҳонии ҷавонони муосир бештар нороҳат мебошад. Роҳгузари дигар ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҳар вақт бо мушкили нороҳаткунандае рӯбарӯ шавад, бо мақоми “ин ҳам мегузарад”, худро тасаллӣ медиҳад. Як хонум гуфт, зиёдтар аз ҳама вақте нороҳат мешавад, ки фарзандонаш ба мушкил рӯбарӯ шаванд: “Дар умум, бетарафию бераҳмии мардум, вазъияти сиёсӣ дар тамоми дунё низ маро ба ташвиш меорад”.
Назарҳои дигарро дар ин видео тамошо кунед ва Шумо низ бинависед, ки аз чӣ бештар нороҳат мешавед
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |