Фатвои Муҳаммад Наимӣ дар пайи ҳалокати садҳо мусалмон аз гармӣ
Муҳаммад Наимӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи бузургтарин мадрасаи Покистон -- “Ҷамия Бинорӣ” дар пайи марги бештар аз 800 нафар бар асари гармӣ, фатво додааст, мусулмонҳои заиф ва мариз аз доштани рӯза худдорӣ кунанд.
“Агар пизишк гӯяд, зиндагии шумо ба далели гармии зиёд зери хатар аст ва рӯзадорӣ сабаби бадтар шудани вазъи саломатӣ гардад, метавонед аз доштани рӯза даст кашед”,-гуфтааст Муҳаммад Наимӣ.
Аммо ин рӯҳонии 50-солаи покистонӣ таъкид кардааст, ин фатво танҳо барои инсонҳои заиф ва мариз содир шудааст. Ӯ гуфта, танҳо руҳониён ва пизишкони бозарфият метавонанд ҳолати одамонро баҳогузорӣ карда, аз рӯзадорӣ озод кунанд.
Бино бар гузориши расонаҳои Покистон, бар асари гармии ҳаво дар ин кишвар 830 нафар ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, танҳо дар шаҳри Карочӣ 780 кас ҷон бохтаанд. Бақияи қурбониён аз манотиқи дигари иёлоти Синд ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |