Аз "барқкушӣ" дар хонаи Кабирӣ то дасткашии бародараш аз ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо пойгоҳи таҳлилии “Politrus” вазъ дар Тоҷикистонро ба соли 1937-и замони шӯравӣ монанд кардааст.
“Дар Тоҷикистон соли 1937-ум фаро расидааст. Дар ҳукумат ҳам необолшевикҳо пайдо шудаанд. Онҳо тамоми мухолифонро ба ҳошия меронанд. Ман намедонам, ки баъд аз ин чӣ иттифоқе рух мезанад. Фишор болои ҲНИТ ба фоидаи субот нест, балки барои авҷи ифротгароӣ мусоидат мекунад”,-гуфтааст раҳбари ҲНИТ.
Ба иддаои оқои Кабирӣ, мардум дар заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба хусус дар масъалаи муносибати ҳукумат бо дин, дучори ноумедӣ ҳастанд: “Мардум аз шеваи баргузор кардани интихоботҳо аз сӯи ҳукумат розӣ нестанд. Теъдоди онҳое, ки фикр мекунанд ҳукумат натавонист тақозои мардумро бароварда кунад, бештар шудааст. Содиқона мегӯям, бароям раҳбарии ҳизб ва контрол кардани эҳсосоти мардум рӯз аз рӯз душвортар мешавад”.
Раҳбари ҲНИТ ба маҷбур кардани мардум аз ҷониби мақомот барои ихроҷ шудан аз сафи ҳизб ишора карда гуфтааст, чанд рӯз қабл намояндагони ҳукумат ба манзилаш омадаанд. “Дар хона падари 90-солаам, ки аз бемории сактаи қалб ранҷ мекашад, бо бародарам зиндагӣ мекунанд. Барқашонро қатъ кардаанд. Онҳо як хоҷагии хурд доранд. Онҳо муваффақ шудаанд, то бародар аз ҲНИТ даст кашад. Ҳамҳизби дигарамонро барои 10 рӯз боздошт карданд, аммо ӯ аз ҳизб хориҷ нашуд”.
Кабирӣ изҳор доштааст, нақшаи ҳукумат ин аст, ки теъдоди аъзои ҳизбро то ҳадди мумкин поин барад: “Баъдан аз қонуне кор гирифта мешавад, ки мувофиқи он агар ҳизб дар 50 дарсади марказҳои маъмурӣ ячейка надошта бошад, Додгоҳи олӣ масъалаи варшикастагии онро дар миён мегузорад”.
Кабирӣ ба суоли чигунагии тағйири нухбагони сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, “ман аз ин чиз тарс дорам. Эҳтимолан, дар Қазоқистон тағйири қудрат ба осоиштагӣ анҷом шавад. Гарчанде ба ман амалкардҳое, ки дар Қазоқисон сурат мегиранд, писанд нест, аммо ба Нурсултон Назарбоев эҳтиром қоилам. Ӯ одами боҳуш аст. Умед аст, ки ӯ низомеро месозад, ки пас аз рафтанаш боқӣ хоҳад монд. Дар кишварҳои дигари минтақа чунин нест ва эҳтимоли сар задани ҷанги кланҳо бузург аст”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |