WikiLeaks аз 12 руҳонии “зархарид”-и тоҷик иттилоъ дод
Пойгоҳи интернетии WikiLeaks, ки бо фошкориҳояш аз соли 2007 инҷониб маъруф аст, ахиран аз "руҳониёни зархарид"-и тоҷик иттилоъ дод, ки ба ивази маблағ ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудиро таблиғ мекунанд.
WikiLeaks, ки 19-уми июн тақрибан 70 ҳазор мукотиботи Вазорати умури хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои Арабистони Саудиро ифшо кард, аз ҷумла номаҳои сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро низ нашр кардааст. Дар номаҳои марбут ба Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки солҳои 2011-2012 навишта шудаанд, аз ҷумла дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ифшо шудааст, ки барои гузарондани конфронс дар мавзӯи марбут ба Афғонистон аз Арабистони Саудӣ 200 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак хостааст.
Дар номаи дигари сафорати Арабистони Саудӣ, дипломатҳои ин кишвар аз густариши ҳузури Эрон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, фаъол кардани таблиғгарони ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудиро дар Тоҷикистон зарур хондаанд. Аз ҷумла дар номаи сафорати Арабистони Саудӣ, ки 4 соли пеш навишта шудааст, зикр шудааст, 12 нафарро ба ивази маблағ ба таблиғи ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудӣ ҷалб кардаанд, ки 5 нафарашон устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мебошанд. Дипломатҳои Арабистони Саудӣ зарур хондаанд, ин раванд густариш ёбад.
Тибқи мактубҳои нашркардаи WikiLeaks бисёре аз мукотиботи сафирону Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ ба масоили мазҳабӣ рабт доранд. Аз ҷумла тибқи ин ҳуҷҷатҳо Арабистони Саудӣ аз Кувайт хоҳиш кардааст, ки пайравони шиаро ба лоиҳаҳояш камтар роҳ диҳад.
Дар асноди ифшокардаи WikiLeaks баробари мукотиботи Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ инчунин гузоришҳои хадамоти ҷосусӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар ҷой доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |