Бахшҳо

Рашт: Қатли модар аз дасти писару келини “зинокор”

Раёсати умури дохилии Рашт як сокини 24-солаи ноҳияро ба иттиҳоми қатли модари 61-солааш боздошт кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дастгиршуда дар пайи он ки модараш шоҳиди ҳамхобагии ӯ бо ҳамсари бародари муҳоҷираш шудааст, даст ба куштори ӯ задааст: “Модараш санаи 4-уми июни соли равон соати 14:00-дақиқа шоҳиди он шудааст, ки дастгиршуда бо ҳамсари 25-солаи бародари муҳоҷираш муносибати шаҳвонӣ менамояд. Модари 61-солаи гумонбаршуда, ин ҳолатро дида, писарашро барои ин амали ғайриинсонӣ сарзанишу маломат карда, таҳдид мекунад, ки ӯро ба кормандони милитсия месупорад. Ҳамсари бародараш ба таҳлука афтода ба гумонбаршуда мегӯяд, ки акнун модарат сирри моро дар байни ҳамдеҳагон паҳн карда, моро шарманда мекунад. Барои ҳамин ту бояд ягон кор кунӣ, яъне модаратро ба қатл расонӣ”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҷавон маслиҳати ҳамсари бародарашро қабул карда, тақрибан соати 15:00-и рӯзи 4-уми июн, замоне, ки модараш барои гирифтани об меравад, бо тахта ба тарафи чапи сари модараш мезанад: “Гумонбаршуда модари азҳушрафтаашро ба ҳаммом партофта, баъди 3 соат доду фарёд мезанад, ки гӯё модараш бемории сактаи дил доштаасту ҳангоми ба ҳаммом даромадан, ғалтида ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ афзуд, ҷанозаи модар 5-уми июн ба хок супорида шуд, вале дар пайи тафтишот баъди 16 рӯз асли воқеа маълум ва муттаҳам боздошт гардид: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
курбони
хукуматдорон боз мардумро аз ислом дур кунед ва ин гуна рафторхоро тамошокарда дамгиретон ин дере нагузашта ба оилаи шумо яъне касе мехохад ки ислом баста шавад рух медихад!!!! холо хам вакт хаст аз ин андешаи яхудизм дур шавед бигзор демократия бошад вале ба дину оини мардум кордор нашавед вагарна ........ мешавад

ношинос
мардум аз худо бехабар шудааст...тоба.....

Шоир
Ин чй шурест, ки дар даври К,амар мебинам....???

Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун, Худованд хору залил гардонад ин палиди беномусро ин палид иншоолох на аз ин дунё ва на аз он дунё шодиро намебинад

дунёи харом
Мур ту вори фарзанди нохалаф. Иншоаллох дар зиндон пастарин ва
хабистарин инсон махсуб мерави. Бадбахти худобехабар

Лаьнати Худо ба ин харду зинокор ки
инхо хароми карда модари бечораро боз зада куштан ин хардуро хам дар ин дуне хам дар он дуне Худо азоби сахт дихад...сад хайфи хамин хел фарзанд ки кадри Модари азизашро надониста боз ба чуб модарро зада куштаст...

Лаьнати Худо ба ин харду зинокор ки
инхо хароми карда модари бечораро боз зада куштан ин хардуро хам дар ин дуне хам дар он дуне Худо азоби сахт дихад...сад хайфи хамин хел фарзанд ки кадри Модари азизашро надониста боз ба чуб модарро зада куштаст...

Басмандаги
Худо чазои ту палити харомро дихад модар чи гунох дошт аблах.

Беном
Охэ ин мардуми худро хамин хел суфии пок мешуморанд, ки гуё аз инхо дида дигар мусалмонтар дар ин Точикистон нест, аммо дар асл ин мусалмони ва намозхонии инхо ба ки даркор, ки бо хохару духтаронашон хамхоба мешаванд Мурдани ту борин мардак бехтар ва бар падару модар калон кардагии он занак лаънат, ки хамин кор ба рози шудааст. Хардуяшонро шармандавор аз хамон деха бароварда рост ба зиндон бурдан лозим аст.

Аллох
Мана бинед, бо мардуми ин минтака даьвои Дини Мукадаси Ислом мекунанд
Ба мисли пешвохое, ки кабл аз инхо рехлат карданд! Ба мисли бедаку мулло абдулою дигару дигар

Усмон
Боз масчидхоро бандед амри маъруфу нахи мункару таълими куръонро ащ байн баред мана окибати кори хукумат мардумро аз ислом дур кунед аз ин батар шудан мегирад СубхонаАллох курбони,

курбони,
Хар Маккаву Мадина рафта хонаи худоро зиёрат кардааст боз хамон хар аст. Причем бастани ислом. Хеч кас туро намегуяд ки кадом динро парасти. Инчо фарк надорад ки ту кофир асти ё мусалмон. Модар модар аст

Лаънати ХУДОВАНД миллионбор бод ба чунин хайвонсират, аммо хукумат причем ??? Айби Хукумат дар инчо дар чист? Магар мусалмон хамон аст, ки риша як метр мемонаву фарзандша ба мактаб рафтани намемона ? Ё рост сурия мерава зану кудакои дигар мусалмонора куштани? Магар мусулмони хамин аст ??? Хукумат дастгир кардаст ин хайвонро ва чазои сахт низ таин хохад кард !

Басмандаги
Акаи Беном чои онхо зиндон не чои онхо танхо сузонидан.

........... Ачаб палидхое дори.

Бо салом огоз кунем суханро бародарон! Эхтироми волидайн, баъди Худову Расул боло меистад, ки дар китоби Куръон такроран кайд мекунад ва дар сураи Исро низ мефармояд,ки эхтиром ва дуо кунед,
падару модарро ки мани тифли сагирро ту ширу гизо дода бузург сохти!
Албатта махз Исломи азиз дарачаи волидайнро боло мегирад. Аз дигар динхо бинем писар хонадор мешаваду партофта меравад волидайнро......
Аз ин ру исломи азизро гироми дорему кадр кунем, окибат ин тавр зинокори номард даст ба модар бардошти, пагох писарат даст ба ту мебардорад..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)